Музокироти Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо барои содироти маҳсулот бидуни боҷи гумрукӣ

Дар сурати риояи ҳуқуқи инсон, ҳифзи меҳнат, муҳити зист ва идораи пурмаҳсул Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои содироти маҳсулот, бидуни боҷӣ гумрукӣ, иҷоза медиҳад. Масоили вобаста ба пайвасташавии Тоҷикистон ба низоми генералии афзалиятҳо (GSP+) дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии маблағгузоӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар кишвар Мэрилин Йозефсон баррасӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар сурати риояи ҳуқуқи инсон, ҳифзи меҳнат, муҳити зист ва идораи пурмаҳсул Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон барои содироти маҳсулот, бидуни боҷӣ гумрукӣ, иҷоза медиҳад.

Масоили вобаста ба пайвасташавии Тоҷикистон ба низоми генералии афзалиятҳо (GSP+) дар вохӯрии раиси Кумитаи давлатии маблағгузоӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода бо сафири Иттиҳоди Аврупо дар кишвар Мэрилин Йозефсон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Кумитаи мазкур.

Дар ҷараённи мулоқот зикр карда шуд, ки вуруд ба ин низом ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки беш аз 6,4 ҳазор маҳсулоти дохилӣ ба бозори Аврупо бе пардохти боҷи гумрукӣ ворид карда шавад.

“Ин раванд интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон ба Аврупоро осон мегардонад ва рақобатпазирии маҳсулоти дохилиро дар ин минтақа боло мебардорад. Барои аз афзалиятҳои ин низом истифода бурдан, Тоҷикистон бояд 27 конвенсия ва протоколҳои дар самти ҳуқуқи инсон, ҳифзи меҳнат, муҳити зист ва идораи пурмаҳсул эътирофкардаашро амалӣ намояд”,-иттилоъ медиҳад маркази матбуотии Кумитаи давлатии маблағгузоӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Хамрализода таъкид дошт, ки ба ин низом ворид шудан, яке аз мақсадҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ӯ аз Иттиҳоди Аврупо даъват намуд, ки дар ин самт Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоянд.

Тоҷикистон соли 2018 бо 36 давлати Аврупо тиҷорат намудаст, ки бештари онҳо аъзои Иттиҳоди Аврупоанд. Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва кишварҳои аврупоӣ 320 миллион долларро ташкил намудааст. Аз Тоҷикистон ба Аврупо ба маблағи 63 миллион доллар маҳсулот содирот шудааст. Шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин минтақа Олмон будааст, ки гардиши мол байни ин ду кишвар 97,7 млн доллар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.