Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунат замимаи алоҳида фаъол намуд

Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ замимаи SILSILA-ро фаъол намуд, хабар медиҳад Takiedela.ru. Дар замимаи мазкур ҳамчунин “тугмаи ташвиш“ (тревожной кнопки) фаъол карда шудааст, ки бо ёри он имкони маълум намудани мавзеи қарордошта мавҷуд аст. Дар замима нишонаи марказҳои буҳронӣ дар Маскав ва Санкт – Петербург зикр гардидааст. Замимаро дар Google Play ва App Store […]

Takiedela

Сароянда Манижа барои кӯмак ба қурбониёни хушунати хонаводагӣ замимаи SILSILA-ро фаъол намуд, хабар медиҳад Takiedela.ru.

Дар замимаи мазкур ҳамчунин “тугмаи ташвиш“ (тревожной кнопки) фаъол карда шудааст, ки бо ёри он имкони маълум намудани мавзеи қарордошта мавҷуд аст. Дар замима нишонаи марказҳои буҳронӣ дар Маскав ва Санкт – Петербург зикр гардидааст.

Замимаро дар Google Play ва App Store боргирӣ намудан мумкин аст.

Ғайр аз замима, сароянда ба суруди “Модар” (Мама), ки ба мушкили хушунат бахшида шудааст, клип сабт намудааст. Дар навор писарбачае кӯшиш мекунад модари худро аз ҷаҳолати падар ҳимоя кунад.

Ҳамчунин, зери навор навиштаҷоти “дар Русия ҳар рӯз 36 ҳазор зан аз ҷониби шавҳарони худ латукӯб мешаванд, солона дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ аз 12 то 14 ҳазор зан вафот мекунанд” пайдо мешавад.

Солии 2016 дар Русия ҳамин гуна замима бо номи «Насилию.нет» фаъол карда шуда буд. Истифодабарандагон метавонанд рӯйхати нафарони боварибахши худро тартиб дода, матн бо хоҳиши кӯмакро ворид намоянд. Ва дар сурати пеш омадани зарурат тугмаи ташвишро пахш намуда, матлабро ирсол намоянд ва мавзеи худро маълум кунанд.

Роҳбари маркази «Насилию.нет» Анна Ривина навишт, ки замимаи Манижа нусхаи замимаи онҳо аст. Созандаи ҳар ду замима “Айпартнер Бинет” аст. Намояндаи ин ширкат мегӯяд, ки “замимаҳои ба ҳам монанд зиёд сохта мешаванд” ва “ин берун аз доираи қоида ё ахлоқ нест”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.