Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Токио

Asia-Plus

Субҳи имрӯз гуруҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Ҷопон таҳти раӣёсати раиси ин гуруҳ-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба Токио сафар намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати расмии Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима сурат гирифтааст. Ба ҳайат ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.

Гуфта мешавад, ҳайати мазкур зимни ин сафари расмӣ бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима, Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон-Тоҷикистон ва дигар ашхоси расмӣ мулоқот намуда, дар ҷаласаи кори гуруҳи дустии байнипарлумонии ҳарду кишварҳо иштирок менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумонии Ҷумҳурии Ҷопон ҳамчунин рӯзҳои 5-6 марти соли ҷорӣ аз шаҳрҳои Киото , Осака ва Ҳирошимо дидан намуда, бо ҳамватанони мо – донишҷуёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд мулоқот менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.