Сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Токио

Субҳи имрӯз гуруҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Ҷопон таҳти раӣёсати раиси ин гуруҳ-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба Токио сафар намуданд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати расмии Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз гуруҳи дӯстии парлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Ҷопон таҳти раӣёсати раиси ин гуруҳ-Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ба Токио сафар намуданд.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов иттилоъ дод, сафари мазкур бо даъвати расмии Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима сурат гирифтааст. Ба ҳайат ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҳоким Холиқзода, Гулбаҳор Назирӣ ва Гулбаҳор Ашурзода шомиланд.

Гуфта мешавад, ҳайати мазкур зимни ин сафари расмӣ бо Раиси палатаи поёнии Парлумони Ҷумҳурии Ҷопон  Тадаморӣ Ошима, Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷопон-Тоҷикистон ва дигар ашхоси расмӣ мулоқот намуда, дар ҷаласаи кори гуруҳи дустии байнипарлумонии ҳарду кишварҳо иштирок менамояд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳайати гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси намояндагон бо парлумонии Ҷумҳурии Ҷопон ҳамчунин рӯзҳои 5-6 марти соли ҷорӣ аз шаҳрҳои Киото , Осака ва Ҳирошимо дидан намуда, бо ҳамватанони мо – донишҷуёни тоҷик, ки дар ин шаҳрҳо таҳсил менамоянд мулоқот менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.