Ҳукми 8 соли зиндон ба корманди БДА барои пахши пиёдагард

Бозраси ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон прапоршики милитсия Ғайратҷон Қурбонов барои пахши пиёдагард, ки ба ҳалокати ӯ боис гардид, ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нимаи тобистони соли гузашта дар роҳи автомобилгарди Рӯдакӣ – Душанбе ӯ дар ҳолати мастӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи […]

Asia-Plus

Бозраси ротаи хадамоти роҳбонии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон прапоршики милитсия Ғайратҷон Қурбонов барои пахши пиёдагард, ки ба ҳалокати ӯ боис гардид, ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, нимаи тобистони соли гузашта дар роҳи автомобилгарди Рӯдакӣ – Душанбе ӯ дар ҳолати мастӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи Toyota MR-2 набаромада, бо суръати баланд пиёдагард Шавкат Азизовро пахш мекунад, ки аз ҷароҳатҳои бардошта дар роҳ ба бемористон ӯ ҳалок мешавад.

Гуфта мешавад, автомашинаи тамғаи Toyota MR-2 ба бародари Қурбонов тааллуқ дошта, ӯ онро бидуни ҳуҷҷати дахлдори иҷозатномавӣ идора мекардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ Ғайратҷон Қурбонов дар содир намудани ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 сол ва ҷазои иловагии маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи нақлиёт ба муҳлати 10 сол таъин карда шудааст.

Тибқи маълумоти ВКД Тоҷикистон, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 285 ҳодисаҳои садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳҳо 395 нафар ҳалок ва 1 ҳазору 357 кас ҷароҳат бардоштаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.