Милитсияи Душанбе ҷавонони бо корд ба ҳамсолашон дарафтодаро меҷӯяд

Сокини 17-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба ШВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 28 феврал наврасон ба ӯ дарафтода, бо корд зарба задаанд. Бино ба гуфтаи ӯ, тахминан соатҳои 18-и бегоҳ дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ ду нафар навраси ба ӯ номаълум бидуни ягон сабаб аввал ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини 17-солаи кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба ШВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо ариза муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки рӯзи 28 феврал наврасон ба ӯ дарафтода, бо корд зарба задаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, тахминан соатҳои 18-и бегоҳ дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ ду нафар навраси ба ӯ номаълум бидуни ягон сабаб аввал ба таҳқири ӯ пардохта, сипас ӯро лату кӯб ва бо корд чанд зарба задаанд.

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар медиҳад, ки ба ҷабрдида бо корд дар маҷмӯъ 5 зарба зада шуда, дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон оварда шудааст.

Аз рӯйи ин далел корҳои фаврии тафтишотӣ ба роҳ монда шуда, кормандони милитсия ҷинояткорони эҳтимолиро ҷустуҷӯ доранд.

Тибқи маълумоти РВКД, соли гузашта дар шаҳри Душанбе 261 ҷинояти аз ҷониби 163 нафар ноболиғон содиршуда (соли 2017 – 96 ҷиноят) ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 95 нафари 134 ҷиноят содиркарда сокинони пойтахт мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ