Намунаи ибрат бошед. Раиси ноҳияи Дӯстӣ ба таъмири даромадгоҳи боғ уҳдадор шуд

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 2 март қабул сайёри шаҳрвандонро дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор намуд. Қурбон Ҳакимзода бо арзу шикояти 14 нафар сокинони ноҳия дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил, иншооти гуногуни тиҷоратӣ ва масъалаи тозакунии низомҳои обу корез шинос шуд. Ба сохторҳои марбутаи маҳаллӣ дастур дода шуд, […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 2 март қабул сайёри шаҳрвандонро дар ноҳияи Дӯстӣ баргузор намуд.

Қурбон Ҳакимзода бо арзу шикояти 14 нафар сокинони ноҳия дар мавриди ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил, иншооти гуногуни тиҷоратӣ ва масъалаи тозакунии низомҳои обу корез шинос шуд.

Ба сохторҳои марбутаи маҳаллӣ дастур дода шуд, ки ин мушкилоти шаҳрвандон дар фурсати кӯтоҳ ҳаллу фасл шуда, ба ӯ дар бораи натиҷаҳои он маълумот дода шавад.

Пас аз қабули шаҳрвандон Қурбон Ҳакимзода бурду бохти тамоми соҳаҳои хоҷагидории ноҳияро ба риштаи таҳлил кашид.

Ӯ аз вазъи ҳозираи боғи фарҳангу фароғати ноҳияи Дӯстӣ норозигӣ изҳор намуда, қайд кард, ки он ба талаботи имрӯза мувофиқ нест.

Раиси вилоят ба раҳбарияти ноҳия супоиш дод, ки дар фурсати кӯтоҳтарин вазъи боғи мазкур ба тартиб дароварда шавад.

Ба раиси ноҳия Нурмуҳаммад Саидзода ва муовини аввали ӯ дастур дода шуд, ки аз ҳисоби худ ду даромадгоҳи асосии боғро таъмиру навсозӣ кунанд.

“Агар худи шумо – ду нафари аввали ноҳия – намунаи ибрат шуда, саҳми худро гузоред, дигарон низ, аз ҷумла роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия ба шумо пайравӣ хоҳанд кард”, – таъкид дошт Ҳакимзода.

Бахши санооати ноҳия низ барои коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар моҳи январи соли равон мавриди интиқод қарор гирифт.

Зикр шуд, ки аз 12 корхонаи саноатии ноҳия 8-тоаш аз фаъолият бозмонда, боқимонда ҳачми истеҳсолро кам карданд.

Дар ин самт низ дастур дода шуд, ки мушкилот дар фурсати наздиктарин роҳи ҳалли худро пайдо намояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.