Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Olympic Council of Asia интихоб шуд

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб шуд. Бино ба итттилои ФФТ, дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок иҷлосияи Ассамблеяи генералии 38-уми Шӯрои олимпии Осиё доир гардида, дар ҷараёни он интихоби ҳайати раҳбарӣ, Кумитаи иҷроия ва намояндагони комиссияҳои домии Шӯро барои давраи солҳои 2019-2022 […]

Asia-Plus

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб шуд.

Бино ба итттилои ФФТ, дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок иҷлосияи Ассамблеяи генералии 38-уми Шӯрои олимпии Осиё доир гардида, дар ҷараёни он интихоби ҳайати раҳбарӣ, Кумитаи иҷроия ва намояндагони комиссияҳои домии Шӯро барои давраи солҳои 2019-2022 баргузор шуд.

Гуфта мешавад, бо қарори якдилонаи аъзои шӯро шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал Сабоҳ аз Кувейт барои давраи нави чорсола президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё шомил шуд. Дар давраи гузашта ӯ узви Кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Шӯро буд.

Дар Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Бангкок Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ахтам Абдуллозода ва дабири кулии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои олимпии Осиё созмони байнулмилалии олимпӣ буда,айни замон 45 кумитаҳои олимпии миллии Осиё аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё дар Кувейт воқеъ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ