Президенти Ӯзбекистон ба кормандони сохторҳои қудратӣ барои лоғаршавӣ 6 моҳ муҳлат дод

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 март дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон кормандони вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои ин кишварро барои фарбеҳӣ ва доштани вазни барзиёд танқид кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълуомти расонаҳои маҳаллӣ, президент Шавкат Мирзиёев ба кормандони ду вазорат аз 3 то 6 моҳ муҳлат додааст, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 март дар мулоқот бо фаъолони вилояти Намангон кормандони вазоратҳои умури дохилӣ ва дифои ин кишварро барои фарбеҳӣ ва доштани вазни барзиёд танқид кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълуомти расонаҳои маҳаллӣ, президент Шавкат Мирзиёев ба кормандони ду вазорат аз 3 то 6 моҳ муҳлат додааст, ки лоғар шаванд.

"Ба мо афсар, корманди фарбеҳи умури дохилӣ лозим нест. Ӯ бо он вазн чи гуна ҷинояткорро дастгир карда метавонад? Бигзор бо варзиш машғул шаванд. Ин на барои ман, балки барои саломатии худи онҳо зарур аст. Ба онҳо 3 ё 6 моҳ муҳлат медиҳем, то худро ба тартиб оранд ва лоғар шаванд", – иқтибос овардааст Daryo.uz аз суханони Мирзиёев.

Шавкат Мирзиёев мушкили фарбеҳӣ ва доштани вазни зиёдро 9 ноябри соли 2018 дар як ҷаласаи видеоӣ бахшида ба натиҷаҳои ислоҳоти хадамоти тиббӣ дар Ӯзбекистон низ ёдрас карда буд.

"Ними аҳолии Ӯзбекистон дар натиҷаи камҳаракатӣ ва ғизои нодуруст фарбеҳ мешаванд. Дар натиҷа 31 дарсади сокинон ҳоло ба бемории фишорбаландӣ гирифторанд", – гуфта буд Мирзиёев он замон.

Пас аз ин суханҳои Мирзиёев хабарҳое нашр шуданд, ки як қатор муассисаҳои давлатӣ аз кормандони худ талаб доранд, дар муддати кӯтоҳ лоғар шаванд. Дар баъзе аз корхонаҳо ба кормандон ҳатто дастурамали партофтани вазни зиёдатиро тақсим карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ