Ҳушдори КҲФ аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои ҷумҳурӣ

Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва гармшавии обуҳаво рӯзҳои охир хавфи тармафароӣ ва сангрезаро дар роҳҳо зиёд мекунад. Бино ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, аз ин рӯ, дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Тоҷикобод, Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ-Ишкошим вазъ душвор боқӣ мемонад. “Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа […]

Asia-Plus

Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон ва гармшавии обуҳаво рӯзҳои охир хавфи тармафароӣ ва сангрезаро дар роҳҳо зиёд мекунад.

Бино ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ, аз ин рӯ, дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Тоҷикобод, Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ-Ишкошим вазъ душвор боқӣ мемонад.

“Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошими ВМКБ, ҳамчунин ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шуд”, – хабар дод номбурда.

Барои тозакунии роҳҳо аз ҷониби хадамоти дахлдори Вазорати нақлиёт ва ширкати IRS техникаи махсус сафарбар шуда, ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ машғул аст.

Баҳри таъмини бехатарии ронандагону мусофирон ва кумаки саривақтӣ ба онҳо дар ҳолатҳои ғайримунтазира, қитъаҳои гуногуни роҳҳои пурхатар мунтазам таҳти назорати гурӯҳҳои наҷотдиҳандагони зудамали Кумита қарор доранд.

Дар ин робита, Кумита ҳолатҳои фавқулода боисрор аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар дархост мекунад, ки бидуни зарурати муҳим аз сафар тариқи роҳҳои пурхатар дар минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ намуда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё рух додани кадом як ҳодисаи ногувор дар роҳҳои автомобилгард, шаҳрвандони кишвар метавонанд ба телефонҳои зерини навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода муроҷиат намоянд: :  93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.