Қисмати зиёди шаҳри Душанбе имрӯз бе барқ мемонад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба баргузор намудани корҳои таъмиру навсозӣ тибқи нақшаи пешбинишуда, имрӯз, 5 март аз соати 09:00 то 16:00 интиқоли нерӯи барқ ба қисмати зиёди кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри шаҳри Душанбе қатъ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шабакаҳои барқи пойтахт хабар доданд, дар фосилаи вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба кӯчаҳои Шевченко, Ҳ.Назаров, Қаҳҳоров, Бухоро, Шерозӣ, М.Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, Заҳматобод, маҳаллаҳои Даҳана, Ҷангалак, Дашти Харзо, Навобод, ҳамчунин кӯчаҳои  Ҳусейнзода, Нарзиқулов, А.Раҷабовҳо, Титов, Савдо, Улуғбек, микрорайонҳои Қаротегин, Баҳорӣ, Чинори Имом, Камол боздошта мешавад.

Дар вақти зикршуда интиқоли нерӯи барқ ба манзилу иншооти воқеъ дар кӯчаҳои Есенин, Фучик, Гипрозем, Юсуф Вафо, Нахимов, Лолазор, Балъамӣ, Матушенко; микрорайонҳои: Крупская, Гулбутта, Сомон, Фурӯзон Навобод, Меҳробод низ қатъ мешавад.

“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмиру навсозӣ, интиқоли нерӯи барқ ба баъзе кӯчаву маҳаллаҳо шояд пештар аз муҳлати зикршуда барқарор карда шавад”, – қайд карданд дар шабакаҳои барқи Душанбе.

Қобили зикр аст, ки давоми моҳҳои январ ва феврал қариб ҳамарӯза бонавбат интиқоли барқ ба кӯчаву маҳаллаҳои гуногуни шаҳр қатъ мешавад, зеро кормандони шабакаҳои барқи пойтахт тибқи нақша корҳои таъмиру навсозӣ мегузаронанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...