Вакилон Ёдгор Файзовро якдилона раиси ВМКБ интихоб карданд

Ёдгор Файзов имрӯз, 4 март якдилона раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ. “Вакилони маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзадии Ёдгор Файзовро бар асоси фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли 2019 ба вазифаи раиси вилоят якдилона тасдиқ намуданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Ғолиб Ниятбеков, котиби […]

Баҳманёр Нодиров

Ёдгор Файзов имрӯз, 4 март якдилона раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ВМКБ.

“Вакилони маҷлиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзадии Ёдгор Файзовро бар асоси фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25 феврали соли 2019 ба вазифаи раиси вилоят якдилона тасдиқ намуданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси вилоят.

Ёдгор Файзов санаи 1 октябри соли 2018 ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ таъин шуд. Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ раиси нави вилоятро бояд санаи 5 декабр интихоб мекарданд, лекин он замон санаи интихобот ба вақти номуайян мавқуф гузошта шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафар ба ВМКБ рӯзи 15 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти таъмини ҳуқуқу тартибот ва мубориза бо гурӯҳҳои ҷинятпеша дар вилоят мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Сарвари давлат ба роҳбарони вилоят, ВКД ва КДАМ ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини тартибот дар шаҳри Хоруғ як моҳ муҳлат дода, аллакай санаи 18 сентябр 4 нафар муовинони раиси вилоят, раиси шаҳри Хоруғ ва раисони ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаро аз мансаб барканор кард.

Бо дастури президент раиси суди вилоят, Раёсати ВКД, сардорони БДА шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои ВМКБ низ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Рӯзи 1 октябр бошад, президент раиси вилоят Шодихон Ҷамшедро низ аз вазифа озод карда, Ёдгор Файзов иҷрокунандаи ин вазифа таъин шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ