Афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон то 32 адад дар як ҳафта

Asia-Plus

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистону Тоҷикистон шумори хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳоро зиёд мекунанд, хабар медиҳад маҷаллаи интернетии “Власть”-и Қазоқистон бо истинод ба Кумитаи авиатсияи граждании ин кишвар.

Гуфта мешавад, бо дастури сарони кишварҳо дар Душанбе бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Astana, SCAT, Tajik Air ва Somon Air гуфтушуниди мақомоти марбутаи авиатсионии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардиданд.

“Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид протокол ба имзо расид, ки мувофиқи он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳурду кишвар ба зиёд кардани шумори хатсайрҳои ҳавоӣ байни давлатҳо то ба 32 адад дар як ҳафта имкон пайдо карданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Аз ҷумла, дар хатсайри Алмаато – Душанбе шумори хатсайрҳо то 12 адад, Остона – Душанбе – то 6 адад ва хатсайрҳои боқимонда байни шаҳрҳои Остона, Чимкент, Тараз ва Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб – то 14 адад дар як ҳафта зиёд карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади рушди ҳамлу нақли мусофирон тариқи Қазоқистон масъалаи ифтитоҳи алоқаи ҳавоии мустақим байни фурудгоҳҳои минтақавии Қазоқистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Айни замон бар асоси тавофуқҳои ҳосилшуда ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон ният доранд, ки шумори хатсайрҳои мунтазам байни шаҳрҳои Остона, Алммато ва Душанберо дар мавсими парвозҳои баҳору тобистон зиёд кунанд”, – хабар додаанд дар Кумитаи авиатсияи гражданӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...