Афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон то 32 адад дар як ҳафта

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистону Тоҷикистон шумори хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳоро зиёд мекунанд, хабар медиҳад маҷаллаи интернетии “Власть”-и Қазоқистон бо истинод ба Кумитаи авиатсияи граждании ин кишвар. Гуфта мешавад, бо дастури сарони кишварҳо дар Душанбе бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Astana, SCAT, Tajik Air ва Somon Air гуфтушуниди мақомоти марбутаи авиатсионии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардиданд. “Аз […]

Asia-Plus

Ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистону Тоҷикистон шумори хатсайрҳои ҳавоӣ байни кишварҳоро зиёд мекунанд, хабар медиҳад маҷаллаи интернетии “Власть”-и Қазоқистон бо истинод ба Кумитаи авиатсияи граждании ин кишвар.

Гуфта мешавад, бо дастури сарони кишварҳо дар Душанбе бо иштироки намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Air Astana, SCAT, Tajik Air ва Somon Air гуфтушуниди мақомоти марбутаи авиатсионии Қазоқистону Тоҷикистон доир гардиданд.

“Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид протокол ба имзо расид, ки мувофиқи он ширкатҳои ҳавопаймоии ҳурду кишвар ба зиёд кардани шумори хатсайрҳои ҳавоӣ байни давлатҳо то ба 32 адад дар як ҳафта имкон пайдо карданд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Аз ҷумла, дар хатсайри Алмаато – Душанбе шумори хатсайрҳо то 12 адад, Остона – Душанбе – то 6 адад ва хатсайрҳои боқимонда байни шаҳрҳои Остона, Чимкент, Тараз ва Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб – то 14 адад дар як ҳафта зиёд карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки бо мақсади рушди ҳамлу нақли мусофирон тариқи Қазоқистон масъалаи ифтитоҳи алоқаи ҳавоии мустақим байни фурудгоҳҳои минтақавии Қазоқистону Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Айни замон бар асоси тавофуқҳои ҳосилшуда ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон ният доранд, ки шумори хатсайрҳои мунтазам байни шаҳрҳои Остона, Алммато ва Душанберо дар мавсими парвозҳои баҳору тобистон зиёд кунанд”, – хабар додаанд дар Кумитаи авиатсияи гражданӣ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ