ОК ГУГЛ, андоз пардохт намо! Андозситонӣ аз ширкатҳои хориҷии хизматрасонии электронӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ширкатҳои машғул ба хизматгузории электрониро дар қаламрави кишвар ба пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) уҳдадор мекунанд.

Вазорати молия лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба Кодекси андоз таҳия намудааст, ки дар он бақайдгирӣ ва андозситонӣ аз ширкатҳои хориҷӣ, ки ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон хизматгузориҳои электронӣ ба анҷом мерасонанд, пешбинӣ шудааст, хабари дод зимни нишасти хабарии имрӯза сардопри Раёсати такмил ви қонунгузории Кумитаи андози назди ҳукумати ҷумҳурӣ Завқибек Шодиён.

Бино ба гуфтаи ӯ, лоиҳаи тағйироту иловаҳо айни замон бо вазорату идораҳои дахлдор мавриди мувофиқа қарор дошта, сипас ба баррасии ҳукумат пешниҳод мешавад.

Шодиён қайд кард, ки тибқи Кодекси андози амалкунанда, агар ширкати хориҷӣ дар қаламрави кишвар ба маблағи беш аз 1 млн. сомонӣ хизматрасонии электронӣ анҷом диҳад, бояд дар мақомоти андози кишвар сабтином шавад, “лекин мутаассифона, алҳол ягон чунин ширкат ба қайд гирифта нашудааст”.

Таъкид шуд, ки тағйироту иловаҳои таҳияшуда ба Кодекси андоз ба водор кардани пардохти ААИ аз ширкатҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ қарор дошта, ба хизматрасонии электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд, имкон фароҳам месозад.

“Дар лоиҳа андозбандии маҳз хизматрасониҳои электронӣ дар назар аст, на молу маҳсулот, зеро молу маҳсулоти ба кишвар воридмешуда зимни убури сарҳад аз ҷониби мақомоти гумрук андозбандӣ мешаванд. Ба ширкатҳои хориҷӣ имкон дода мешавад, ки ихтиёрб дар мақомоти андози Тоҷикистон худро сабтином карда, пардохти ААИ-ро аз хизматгузориҳо ба шахсони воқеӣ таъмин намоянд”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба қавли намояндаи Кумитаи андоз, ширкатҳои хориҷӣ худро ба қайд гузошта, дар шакли электронӣ эъломия (декларатсия) пешниҳод мекунанд ва “ҳатмӣ нест, ки онҳо дар Тоҷикистон намояндагии худро дошта бошанд”.

Зимнан зикр гардид, ки баъди қабули тағйироту иловаҳо чунин имкони андозбандии ширкатҳои хориҷӣ ба вуҷуд омада, “агар аз қайдгузориву пардохти андоз саркашӣ кунанд, мувофиқи қонунгузорӣ амал хоҳем кард”.

Қаблан раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ба журналистон дар ин маврид иттилоъ дода буд, ки ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки ҷиҳати бақайдгирии ширкатҳои хориҷии машғул ба хизматрасони электронӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти андоз, ба қонқнгқзорӣ тағйироту иловаҳо ворид шавад. Ӯ Google, Apple , Microsoft, Facebook, майдонҳои интернетии Ali Express, Yahoo ва ғайраро аз ҷумлаи ин ширкатҳо номбар кард.

Давлатзода бар ин назар аст, ки чунин субъектҳо ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ хизматгузориҳои муайянеро анҷом медиҳанд ва аз ин рӯ, аз ҳисоби фоидаи гирифтаашон аз ин фаъолият бояд андоз пардохт намоянд. “Чунин таҷриба дар бисёр кишварҳои саросари дунё роиҷ аст”, – зикр карда буд ӯ.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...