Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати ХБА-ро ба ҳузур пазируфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид. Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хазинаро мусбат арзёбӣ намуда, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) хонум Падамжа Хандевалро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявии дуҷониба доир ба Барномаи ояндаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Хазина дар доираи “Механизми васеи қарздиҳӣ” баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Хазинаро мусбат арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳот ва ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла ХБА, тайи солҳои охир фазои соҳибкориву сармоягузорӣ дар Тоҷикистон беҳтар гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Қайд гардид, ки дар доираи стратегияи рушди дарозмуддат азму талошҳои ҳукумати мамлакат барои ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Зарур шуморида шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо шарикони рушд дар доираи афзалиятҳои стратегии рушди кишвар барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тавассути дастгирии буҷети давлат, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ талошҳои ҷиддӣ ба харҷ хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.