Таъсири манфии иқтисодии қарори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба истеъмолгарон

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам, як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN бе назардошти андозҳо на камтар аз 1 сомонӣ муқаррар намоянд. “Қабули чунин дастур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ каме тааҷҷубовар ба назар мерасад, зеро ин […]

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо дастури худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам, як дақиқаи зангҳои байнулмилалиро бо шумули алоқаи NGN бе назардошти андозҳо на камтар аз 1 сомонӣ муқаррар намоянд.

“Қабули чунин дастур аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ каме тааҷҷубовар ба назар мерасад, зеро ин хадамот мақоми ваколатдори ҳимоя аз ҳуқуқи истеъмолгарон буда, усулан афзалияти фаъолияташ бояд ба беҳбуди вазъи истеъмолгарон нигаронида шавад”, – иброз дошт Фаридун Шоинбеков, муовини директори Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки оқибатҳои мавриди амал қарор гирифтани ин фармоиш дар навбати аввал ба истеъмолгарон таъсири манфии иқтисодӣ мерасонад, чунки пардохтгари ниҳоии ин хизматгузориҳо маҳз онҳо мебошанд.

“Дар баробари ин, санади қабулшуда ба бунёди бозори рақобатпазир, ки мусоидат ба он тибқи қонунгузорӣ ба мақомоти зиддиинҳисории кишвар вогузор шудааст, низ таъсири манфӣ мегузорад, – мегӯяд Шоинбеков. – Мувофиқи меъёри қонун “Дар бораи ҳимояи рақобат”, танзими давлатии бозори мол ба таври истисноӣ бо мақсади рақобат ва пешгирии монополия кардани мол амалӣ мешавад.

Гузашта аз ин, танзими давлатии зиддиинҳисорӣ ва назорат танҳо дар ҳолати болоравӣ ё афзоиши беасоси нарх дар бозор ба молу маҳсулоти муайян барои поин бурдани нархи онҳо, на балки баръакс, истифода мешавад”.

Муовини раиси Иттифоқ ҳамчунин муқаррароти моддаи 14, қисми 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимояи рақобатро низ хотиррасон намуд, ки дар он гуфта мешавад: “Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ аст, агар натиҷаи ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гардидааст ё метавонад гардад”.

“Дар хотима қайд карданиам, ки Хадамоти зидлдиинҳисорӣ мутобиқи қонун ваколатдор аст, ки масоили истифодаи қонунгузории зиддиинҳисориро шарҳ дода, фармоиши қабулкардаашро асоснок намояд”, – афзуд Шоинбеков.

Ёдрас мекунем, ки мутахассиси Хадамот Раҷабалӣ Маҳсиддинов дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” дар мариди ин масъала изҳор намуда буд, ки арзиши интернети мобилӣ бо мақсади беҳтар кардани суръати интернет боло бурда шуда, минбаъд ширкатҳои мобилӣ ба афзоиши суръати интернет аз 512 Мб то ба 1024 Мб дар як сония уҳдадор мешаванд.

Ҳамчунин дар тамоми қаламрави кишвар операторони мобилӣ бояд алоқаи навъи 4G ва LTE-ро таъмин созанд.

“Аҳолӣ аз интернеити суст шикоят мекунад. Аз ин рӯ, мо нархро ба он хотир боло мебарем, ки ширкатҳои мобилӣ ба афзоиш додани суръати интернет уҳдадор шаванд”, – иброз дошт ҳамсуҳбат.

Фармоиши нави Хадамоти зиддиинҳисорӣ “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” санаи 4 марти соли 2019 ба имзо расида, аз 27 март мавриди амал қарор мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.