Соҳибони имсолаи ҷоизаи Лоҳутӣ мушаххас шуданд

Ховаршинос Зафар Мирзоён, нависанда Зариф Ғулом, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуоти даврӣ ва Умед Ҷумъаев, журналисти телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” дар бахши телевизион имсол сазовори ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд. Ҷоизаи мазкур 11 март, дар рӯзи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба […]

Ховаршинос Зафар Мирзоён, нависанда Зариф Ғулом, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуоти даврӣ ва Умед Ҷумъаев, журналисти телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” дар бахши телевизион имсол сазовори ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд.

Ҷоизаи мазкур 11 март, дар рӯзи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба ғолибон тақдим гардид.

Бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани маводи пешниҳодшуда, имсол дар бахши таҳқиқот дар соҳаи ВАО ва радио ба касе ҷоиза тақдим карда нашуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад:

– матбуоти даврӣ

– радио

– телевизион

– тадқиқот дар соҳаи ВАО.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқот дар самти ВАО тақдим мегардад.

Ҳамчунин, ҷоизаи дигари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳидҷон Асрорӣ ба рӯзноманигорони ҷавон Саидҷон Ҳалимзода ва Муллонеъмат Салимзода тақдим карда шуд. Ин ҷоиза барои журналистони ҷавон ва донишҷӯёни факултаи журналистика таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад. Имсол 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.