Эҳтимоли ба 10 соли зиндон маҳкум шудани ронандаи гунаҳкор ба ҳалокати 9 нафар

Мақомоти прокуратураи ноҳияи Дарвоз парвандаи ҷиноятиро нисбати ронандае, ки бо айби ӯ санаи 29 январ дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ҷиҳати тафтиши минбаъда ба шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ ирсол намуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, садамаи марговар шоми […]

Мақомоти прокуратураи ноҳияи Дарвоз парвандаи ҷиноятиро нисбати ронандае, ки бо айби ӯ санаи 29 январ дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ҷиҳати тафтиши минбаъда ба шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, садамаи марговар шоми рӯзи 29 январ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, байни деҳаҳои Ҷарф ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз Арабшо Куканиеви 23-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Панҷ сарозер меравад, ки дар натиҷа ҳамаи мусофирони он – 1 мард, 3 зан ва 5 нафар кӯдакон, ҳама сокинони ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расида, худи ронанда зинда мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳолат ронанда бархилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба ҷойи 6 каси муқарраршуда 9 нафар мусофир гирифтааст.

Нисбати Куканиев мутобиқи моддаи 212, қисми 3 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Дар сурати исботи гуноҳ мувофиқи ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...