Шаҳрдории Душанбе: нархи роҳкиро дар нақлиёт боло намеравад

Чанд рӯзи охир чанде аз сокинони пойтахт ба идораи хабаргузорӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки масъалаи бамиёномадаро дар бораи болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ шарҳ диҳем. Аз ҷумла дар ин робита онҳо изҳор доштанд, ки дар баъзе микроавтобусҳо (маршршруткаҳо) ронандагон мусофиронро доир ба болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ огоҳ мекардаанд. Бино ба гуфтаи […]

Чанд рӯзи охир чанде аз сокинони пойтахт ба идораи хабаргузорӣ муроҷиат намуда, дархост карданд, ки масъалаи бамиёномадаро дар бораи болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ шарҳ диҳем.

Аз ҷумла дар ин робита онҳо изҳор доштанд, ки дар баъзе микроавтобусҳо (маршршруткаҳо) ронандагон мусофиронро доир ба болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ огоҳ мекардаанд.

Бино ба гуфтаи онҳо, тарифи нав барои як маротиба истифода бурдан аз ин микроавтобусҳо гӯё 2 сомониву 70 дирамро ташкил медодааст.

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс” дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надоранд.

“Ин масъала ҳатто мавриди баррасӣ қарор надорад ва ба гумон аст, ки ояндаи наздик низ ба миён гузошта шавад”, – иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки ахиран нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт моҳи феврали соли 2018 боло рафта, мувофиқи он, равуои якдафъаина дар троллейбус – 1 сомонӣ, автобус – 1 сомониву 20 дирам ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 1 сомониву 60 дирам муқаррар шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.