Гумонбарии директори яке аз мактабҳои Шаҳринав ба азхудкунии воситаҳои давлатӣ

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҳамин ноҳия Мухторалӣ Муродов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ ба хароҷоти воситаҳои пулии аз ҷониби давлат ҷудошуда барои таъмири мактаб барои эҳтиёҷоти шахсии худ […]

Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ҳамин ноҳия Мухторалӣ Муродов мутобиқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, ӯ ба хароҷоти воситаҳои пулии аз ҷониби давлат ҷудошуда барои таъмири мактаб барои эҳтиёҷоти шахсии худ гумонбар дониста мешавад.

Гуфта мешавад, барои таъмири мактаб ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, Муродов беш аз 7 ҳазор сомонии онро азхуд кардааст.

Ғайр аз ин, бо фармони директор бародараш Усмоналӣ Муродов посбони мактаб таъин мешавад, лекин амалан кор накарда, музди меҳнат мегирифтааст. Бо ин амалаш ӯ ба давлат дар ҳаҷми қариб 5,5 ҳазор сомонӣ зиёни молӣ расонидааст.

Дар сурати исботи айбномаҳо ба Муродов то 50 ҳазор сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати ду сол ҷазо таъин шуда метавонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.