Ваъдаи як миллион сомонии раиси вилояти Хатлон барои рушди телевизион

Сайраҳмон Назриев, махсус барои "Asia-Plus"

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баъди шиносоӣ бо шароити кори идораи телевизион ва радиои вилоят ваъда дод, ки баҳри беҳбудии вазъи телевизион як миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард.

Қурбон Ҳакимзода субҳи 11 – март ба идораи телевизион ва радиои вилоят ташриф оварда, аз шароити кории журналистон, ҳолати техникӣ ва намояндагиҳои шабакаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳамин бино ҷойгиранд, дидан кард.

Ӯ аз ҳолати идораи телевизион ва радиои вилоят изҳори нигаронӣ намуда, ваъда кард, ки барои беҳбуд бахшидан ба кори ин идора 1 миллион сомонӣ ҷудо мекунад.

– Утоқҳои кории рӯзноманигорон, толору студияҳои телевизион ва радио, техника куҳнаю фарсуда шудаанд. Ба хулосае омадам, ки барои харидории таҳҷизоти замонавӣ ба идораи телевизион ва радиои вилоят 750 ҳазор сомонӣ, барои намояндагиҳои шабакаҳои ҷумҳуриявӣ 250 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуъ 1 миллион сомонӣ аз буҷаи вилоят ҷудо карда шавад,-гуфт Қурбон Ҳакимзода.

Ӯ инчунин зикр намуд, ки бо роҳбарияти Кумитаи давлатии телевизион ва радио суҳбат карда, аз онҳо хоҳиш менамояд, ки барои хуб кардани шароити кории идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон саҳми худро гузоранд.

Қурбон Ҳакимзода зимни сухани табрикиаш дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рузи матбуоти тоҷик” аз вазъи расонаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва адади нашри онҳо низ нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба расонаҳои маҳалии худ кам аҳамият медиҳанд, аз ин сабаб, теъдоди нашри газетаҳои маҳаллӣ хеле кам аст.

– Теъдоди нашри баъзе аз газетаҳо 500 – 600 адад аст. Дар ҳоле, ки аҳолии ин шаҳру ноҳияҳо 80 – 100 ҳазор нафар мебошанд,-зикр намуд раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки минбаъд зимни сафарҳояш ба шаҳру ноҳияҳои вилоят аз идораи нашрияҳои маҳаллӣ дидан менамояд ва рушди ин соҳаро зери назорат мегирад.

Раиси вилоят аз журналистони маҳаллӣ даъват намуд, ки маводҳои таҳлилию танқидии асоснок омода намоянд. Дар чунин ҳолат, хонанда низ пайдо мешавад. Аз журналистони телевизиони маҳаллӣ хоҳиш намуд, ки раисони шаҳру ноҳияҳоро ба барномаҳо даъват кунанд ва ба шаҳрвандон имкон диҳанд, ки ба мансабдорони маҳаллӣ саволҳояшонро ироя намоянд.

Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода ба ғолибони озмунии вилоятии “Нерӯи сухан” туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...