Ҳукми 18 соли зиндон ба сокини Суғд барои қатли бераҳмонаи хоҳараш

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвнадаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд сокини 23-солаи ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Толиб Ашӯрқуловро барои қатли бераҳмонаи хоҳараш ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Тавре ба “Азмия-Плюс” судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, хоҳари маҳкумшуда, хонандаи синфи 11 О.А. 27 октябри соли 2018 аз […]

Мавлуда Рофиев, махсус барои Asia-Plus

Ҳайати мушовара (коллегия) оид ба парвнадаҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд сокини 23-солаи ҷамоати Зарҳалоли шаҳри Истаравшан Толиб Ашӯрқуловро барои қатли бераҳмонаи хоҳараш ба 18 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Тавре ба “Азмия-Плюс” судяи суди вилоят, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Фирӯза Аҳмадзода хабар дод, хоҳари маҳкумшуда, хонандаи синфи 11 О.А. 27 октябри соли 2018 аз хонаашон бедарак шуда, баъди як моҳ – 28 ноябр бармегардад.

“Тамоми ин муддат ӯ мавриди ҷустуҷӯи пайвандону наздикон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт. Вақте ба хона бармегардад, бародараш ӯро барои муддати зиёд дар хона набуданаш сарзанишу маломат мекунад. Ӯ ҳатто ба модараш хабар надодааст, ки хоҳараш баргаштааст”, – иброз дошт судя.

Бино ба гуфтаи ӯ, духтар ба оғил даромада, таҳдид мекунад, ки худро ба дор мекашад, лекин бародараш инро интизор нашуда, худаш бо халтаи синтетикӣ ӯро буғӣ ва ба ҳалокат мерасонад.

“Сипас барои пинҳон кардани ҷасад, сари ӯро бурида, ҷасади ба қисмҳо ҷудошударо дар бағочи мошин бор мекунад ва дар қаламрави заминҳои ҷамоати Зарҳалол пинҳон месозад”, – қайд кард Фирӯза Аҳмадова.

Зимнан зикр шуд, ки ҷасади духтарро ҳамсояи Ашӯрқуловҳо дарёфт мекунад: вақте ки ӯ ба заминҳои деҳоти Обдарра меояд, ҷасади духтарро дида, ба мақомоти милитсия хабар медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.