Барномаи консертии гуруҳи “Дэнся” дар Душанбе

Гуруҳи “Дэнся”-и Ҷопон 18 март, аз соати 16:00 то 17:30, дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ баргузор менамояд. Дар ин бора сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Барномаи консертии “Дэнся” бахшида ба ҷашни Наврӯз доир мегардад. Гуруҳи “Дэнся” дар бисёре аз кишварҳо барномаи консертӣ баргузор намудааст ва мавротиба аввал […]

Asia-Plus

Гуруҳи “Дэнся”-и Ҷопон 18 март, аз соати 16:00 то 17:30, дар толори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ баргузор менамояд. Дар ин бора сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Барномаи консертии “Дэнся” бахшида ба ҷашни Наврӯз доир мегардад.

Гуруҳи “Дэнся” дар бисёре аз кишварҳо барномаи консертӣ баргузор намудааст ва мавротиба аввал дар Душанбе сурудҳои миллии Ҷопонро иҷро мекунад.

Вуруд ба барномаи консертӣ озод аст ва ҳар нафар метавонад бо мусиқии милии ин кишвари тулӯи офтоб ошно гардад.

Гуруҳи мазкур нақша дорад тамошобинонро бо санъат ва фарҳанги қадима ва миллии Ҷопон шинос намояд. Ҳамчунин, аъзоёни гуруҳ ният доранд сурудҳои халқҳои дигарро зери навои ҷопонӣ иҷро намоянд.

Гуфта мешавад, яке аз ҳадафҳои дигари баргузории барномаи консертии мазкур, тақвияти муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.