Шавкат Мирзиёев бордоркунии сунъиро иҷозат дод

Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон истифода аз технологияи муосир барои бордоркунии сунъиро иҷозат доданд. Дар ин бора дар қонун “Оид ба саломатии репродуктивии шаҳрвандон”, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 11 март имзо кард, зикр гардидааст. Қонуни мазкур 12 март дар матбуоти расмӣ интишор ёфт, менависад CA-NEWS.

Гуфта мешавад, ки аз 10 то 15 дарсади занону мардони дунё аз безурриётӣ ранҷ мебаранд.

Тибки натиҷаҳои таҳқиқоти дар Ӯзбекистон гузаронида шуда, ҳудуди 4,9%  – 5,3 дарсади занҳои ин кишвар аз безурриётӣ ранҷ мебаранд. Ҳадафи таҳияи қонуни мазкур таъмини ҳуқуқи занон ба модар шудан аст, менависад ин расона.

Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, имрӯз дар Ӯзбекистон 25 ҳазор зан ва 7 ҳазор мард бо ташхиси “безурриётӣ” зери назорати табибон қарор доранд.

Аз сабаби он ки дар Ӯзбекистон то ин замон бордоркунии сунъӣ манъ гардида буд, оилаҳои ӯзбеки хоҳиши бордоркунии сунъӣ дошта, дар беморхонаҳои кишварҳои хориҷӣ – Қазоқистон, Туркия, Русия, Исроил бо арзиши аз 3 то 15 ҳазор доллар амалиёти бордоркуниро мегузарониданд.

Дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки ЭКО қонунан иҷозат дода шудааст.

Соли 2010 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” тағйирот ворид намуд, ки тибқи он ба занҳо ҳуқуқи гузаронидани амалиёти бордоркунии сунъӣ дода шуд.

Соли 2013 Маркази исломии Тоҷикистон дар бораи бордоркунии сунъии тоҷикону мусулмон фатво содир намуд.

Тибқи ин фатвои Маркази исломӣ, сокинони мусулмони кишвар дар сурате метавонанд аз амалиёти бордоркунии сунъӣ истифода намоянд, ки никоҳи расмӣ дошта бошанд. Дар ин сурат, зан метавонад танҳо аз нутфаи шавҳари худ истифода намояд ва мард ҳуқуқ надорад аз зани дигар ба таври сунъӣ фарзанддор шавад.

Дар сурати риоя нашудани ин талабот, фарзанди таваллудшуда ғайриникоҳӣ ё намашруъ ҳисобида мешавад. Агар марду зан ин талаботро риоя карда натавонанд, беҳтар аст кӯдакеро ба фарзандхонӣ қабул кунанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2013 дар Тоҷикистон аввалин дугоник бо роҳи бордоркунии сунъӣ ба дунё омад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...