Ёдгор Файзов бадахшониҳои бурунмарзиро ба саҳмгузорӣ дар ободонии Бадахшон даъват кард

Asia-Plus

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов аз бадахшониҳои бурунмарзӣ даъват намуд, ки дар рушди зодгоҳашон бетараф набошанд ва саҳм гузоранд. Муроҷиатномаи раиси вилоятро котиби матбуотии ӯ Ғолиб Ниятбеков дар саҳифаи Фейсбуки худ нашр намуд.

Дар зер матни муроҷиатномаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов оварда шудааст.

Ҳамватанони азиз, фарзандони Тоҷикистон – зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Иҷозат диҳед, ба Шумо барои кори самаранок ва дастгирии наздиконатон изҳори миннатдорӣ кунам. Фидокориву ватандӯстдории шумо барои насли наврас доим намунаи ибрат хоҳад буд.

Дар куҷое набошем, албатта ҳеҷ гоҳ ватани худро фаромӯш намекунем. Ҳамватанони мо, ки берун аз вилоят ва кишвари худ зиндагӣ мекунанд, корҳои бисёреро барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ анҷом медиҳанд.

Имрӯз, дар вазъияти мушкил барои минтақа, шумо имконият доред, дар рушду гулгулшукофоии он ёрӣ расонед.

Ҳоло Ҳукумати кишвар барои тезонидани раванди рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят чораҷӯиҳои зиёде мекунад – таъмир ва тармими роҳҳои мошингард идома дорад, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншоотҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад, барои азхудкунии конҳои фоиданок озмунҳо эълон карда шудааст, ки дар навбати худ, садҳо ҷойҳои кории дигар ташкил мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, вилоят ба дастгирии фарзандони худ – ба нафароне, ки бурун аз ВМКБ қарор доранду тавонистаанд ба шарофати дониш ва малакаи худ, ба дастовардҳои бузург ноил шаванд, ниёз дорад.

Ман аз шумо, ҳамватанони азиз хоҳиш мекунам, ки дар тақдири вилоят бетараф набошед.

Аз имкониятҳои худ дар рушди деҳаҳоямон, ки ҳамаи мо дар он зода ва калон шудаем, дастгирии барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба минтақа кӯмак кунед.

Феълан дар кишвар барои амалигардонии тиҷорати хусусӣ дар соҳаҳои коркарди ашёи хом, ки дар ҳудуди ВМКБ ҷойгир шудаанд, рушди сайёҳӣ, нақлиёт, ҳунармандӣ, хизматрасонии маишӣ, мактабҳои хусусӣ, марказҳои саломатӣ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Роҳбарияти вилоят омода аст, ки дар ин кори нек, ба шумо кӯмак намояд ва дастгириатон кунад.

Биёед, дар куҷое набошем, ба хотири ояндаи рӯшани фарзандонамон, барои рушди кишвар ва миллати худ меҳнат кунем.

Бо эҳтиром, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов

Ин муроҷиати раиси ВМКБ дар шабакаҳои иҷтимои ба таври густурда муҳокима гардида, даҳҳо нафар истифодабарандагони Фейсбук онро ҷонибдорӣ намудаанд. Корбарони Фейсбук дар шарҳи муроҷиатнома навистаанд, ки “ин иқдоми раиси вилоят боиси дастгирӣ аст”, “омодаем, ки ободонии Бадахшон саҳми худро гузорем”.

Ёдовар мешавем, ки Ёдгор Файзов пас аз сафари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон, 1 октябри соли 2018 и.в. раиси ВМКБ таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Шодихони Ҷамшедро иваз намуд. Пас аз панҷ моҳи фаъолият, 1 марти соли равон ӯ якдилона раиси вилоят интихоб шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...