Аз гуфтушунид бо ҳукумат оид ба гароншавии алоқа чӣ натиҷа ҳосил шуда метавонад?

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон Ғафур Эркаев бо намояндагони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Кумитаи андоз дар бораи масъалаи 2 баробар болоравии арзиши интернети мобилӣ ва 10 баробар қиматшавии алоқаи мобилӣ машваратҳо мегузаронад.

“Дар машваратҳо масъала шарҳу тавзеҳ дода шуда, зимни суҳбатҳо оқибатҳои ин фармоиш ва таъсири он ба иқтисоди кишвар то охири сол мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” дар ин робита Ғафур Эркаев.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин аз номи Ассотсиатсия ба унвони Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои муайян кардани то кадом андоза қонунӣ будани содир шудани ин фармоиш дархост равона шудааст. “Умедворем, ки моро шуниданд”, – иброз дошт ӯ.

Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилӣ ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО, ки ин масъаларо пайгирӣ доранд, миннатдорӣ изҳор намуд.

“Агар ин дастур мавриди амал қарор гирад, дархост ба шумори харидории трафик босуръат поин хоҳад рафта, агар интернет серталабу серхаридор набошад, ба талафоти молиявӣ боис мегардад. Ҳамчунин муносибатҳои мутақобила бо муштариён низ камтар мешаванд”, – қайд кард ӯ.

Ҳамчунин ба қавли номбурда, дар ин қарор мавқеи истисноии ҶСК “Тоҷиктелеком” нофаҳмо мебошад.

Дар ҳамин ҳол, Ғафур Эркаев зикр кард, ки агар аз машваратҳо натиҷае ҳосил нашавад, Ассотсиатся барои исботи ҳақ будани худ маҷбур хоҳад шуд, ки ба ҳукумати кишвар муроҷиат намояд.

Тавре қаблан хабар дода будем, мувофиқи дастури Хадамоти зиддинҳисорӣ, операторон бояд як мегабайт интернетро бо нархи на камтар аз 5 дирам фурӯшанд. Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилӣ тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод. Ин маънои онро дорад, ки интернет беш аз ду маротиба қимат мешавад.

Ҳамчунин мувофиқи ин қарор, арзиши гуфтугӯ бо NGN 10 баробар – аз 10-12 дирам то ба 1,2 сомонӣ боло меравад.

Зангҳои дохили шабака низ қимат шуда, агар қаблан як дақиқаи гуфтугӯ дар дохили шабакаи операторони Тоҷикистон тақрибан 1 дирам нарх дошт, акнун арзиши онҳо бо назардошти ААИ ва аксиз тақрибан 12,3 дирамро ташкил хоҳад дод. Ин тағйироти нархҳо ба ҶСК “Тоҷиктелеком” дахл надорад.

Қобили зикр аст, ки қабули ин қарор ташвишу изтироб ва сарусадоҳои зиёдеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард: сокинони кишвар ҳатто бо хештеги #Япротив (Ман мухолифам) флешмоб роҳандозӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, соли 2011 Созмони Милали Муттаҳид дастрасии озодро ба Интернет ба рӯйхати ҳуқуқҳои бунёдии инсон шомил кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...