Мақоми 215-уми Душанбе дар рейтинги шаҳрҳои беҳтарин барои зиндагӣ

Дар рейтинги кишварҳо аз рӯи фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагӣ, ки аз ҷониби ширкати байнулмилалии консалтингии  Mercer тартиб дода шудааст, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мақоми 215-умро касб намуд. Ба шаҳрҳо дар ин раддабандӣ аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, аз қабили фароҳам сохтани шароит барои таҳсилу кор, дастрасӣ ба нақлиёт, амният, вазъи экологӣ ва […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Дар рейтинги кишварҳо аз рӯи фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагӣ, ки аз ҷониби ширкати байнулмилалии консалтингии  Mercer тартиб дода шудааст, пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мақоми 215-умро касб намуд.

Ба шаҳрҳо дар ин раддабандӣ аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, аз қабили фароҳам сохтани шароит барои таҳсилу кор, дастрасӣ ба нақлиёт, амният, вазъи экологӣ ва ғайра баҳогузорӣ мешавад.

Ҳамсоякишварҳо дар минтақаи Осиёи Маркази низ аз Тоҷикистон дур нарафтаанд: Алмаато зинаи 177-ум, Тошканд – 203, Бишкек – 206 ва шаҳри Ашқобод ҷойи 211-умро ишғол кардаанд.

Шаҳрҳои Русия низ дар садгонаи аввал нестанд. Маскав дар мақоми 167-ум, каме поинтар аз Либревил ва Акккра – пойтахтҳои Габона ва Гана, Санкт-Петербург дар ҷойи 174-ум, паҳлӯи шаҳри Киев, пойтахти Уганда – Кампала ва Албания – Тирана қарор гирифтаанд.

Коршиносон ишора кардаанд, ки чунин зинаҳои пасти ин шаҳрҳо ба сатҳи амнияти онҳо нисбат дода мешавад. Маскав ва Петербург шаҳрҳои аз ҳама номусоиди Аврупо номбар шудаанд.

Зинаи аввали рейтингро бори даҳум пайдарпай Вена ишғол намуда, сатҳи пасти ҷинояткорӣ, тарзҳои гуногуни истироҳату фароғат, мизони баланди рушди зерсохтори нақлиёти пойтахти Австрия зикр шудааст.

Дар зинаи дуюми раддабандӣ шаҳри бузуртарини Швейтсария – Сюрих, зинаи сеюм – Ванкувер, Мюнхен ва Окленд (Зеландияи Нав) ҷойгир шуда, шаҳрҳои Дюсселдорф, Франкфурти лаби Майн, Копенгаген, Женева ва Базел низ ба даҳгонаи аввал шомил гардидаанд.

Дар зинаҳои охири рейтинг шаҳрҳои Банги (Ҷумҳурии Африқои Марказӣ) ва Бағдод (231-ум) қарор доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.