Порагирии сардори шуъбаи мубориза бо нашъаҷаллобии Истаравшан

Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД шаҳри Истаравшан Раҳматулло Тӯрахонов ба гумони порагирӣ боздошт шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, Тӯрахонов ҳангоми гирифани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд А.П. дастгир шудааст. “Пештар низ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ чалб накардан аз ҳамин […]

Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ШВКД шаҳри Истаравшан Раҳматулло Тӯрахонов ба гумони порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, Тӯрахонов ҳангоми гирифани пора ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд А.П. дастгир шудааст.

“Пештар низ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ чалб накардан аз ҳамин шаҳрванд дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст”, – иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Тӯрахонов мувофиқи моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.