Норакиҳо 10 ҳазор нафарро пазиройӣ ва меҳмондорӣ мекунанд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокинони шаҳри энергетикҳои тоҷик – Норак наздики 10 ҳазор нафар меҳмононро дар хонаи худ қабул мекунанд, ки санаи 20 март ҳамроҳи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни Наврӯз ба ин ҷо ташриф хоҳанд овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Норак.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ташаббус аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии маҳаллӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби аксрияти аҳолии шаҳри Норак дастгирӣ ёфтааст.

“Норакиҳое, ки ихтиёрӣ ба қабули меҳмонон дар хонаашон ва оростани дастурхон барои онҳо розӣ шуданд, таом ва нуқлу навои рӯи дастурхонро мувофиқи салоҳдиди худ интихоб карда метавонанд”, – илова карданд дар мақомоти шаҳрдории Норак.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 шумори аҳолии шаҳри Норак 59,3 ҳазор нафарро ташкил дода, 30 ҳазор нафарашон муқими шаҳр ва боз ҳамин миқдор дар деҳаҳои тобеи шаҳр зиндагӣ мекарданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 20 март ба шаҳри Норак ташриф оварда, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ин шаҳр ширкат меварзад. Ба ин муносибат бо иштироки устодони санъати ҷумҳурӣ дар майдони марказии шаҳр намоиши тетрикунонишуда баргузор мегардад.

Аввали моҳи феврал муҷассамаи доҳии пролетариати ҷаҳон Владимир Ленин аз майдони марказии шаҳри Норак барканда шуд. Тибқи нақшаи мақомоти шаҳрдорӣ, ба ҷойи он то ҷашни Наврӯз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гузошта мешавад.

Мақомоти шаҳрдории Норак дар ин маврид мегӯяд, муҷассамаи Ленин ба Боғи фарҳангу фароғати шаҳр кӯчонида хоҳад шуд.

Ҳамчунин зимни ин сафари кории худ ба шаҳри Норак Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ҳусни оғоз мебахшад. Дар назар аст, ки Сарвари давлат бо намояндагони ширкате, ки ба ин корҳо машғул мешавад, мулоқот барпо мекунад.

Тендери байнулмилалӣ оид ба корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак (марҳилаи аввал) охири моҳи августи соли 2017 эълон шуда буд. Он замон ширкати “Барқи тоҷик” байни се иштирокии тендер гурӯҳи ширкатҳои ANDRITZ-ро интихоб намуд, ки дафтари асосии кориаш дар Австрия воқеъ аст.

Бино ба маълумоти ин ширкат, барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак беш аз 120 млн. доллар маблағ сарф шуда, иқтидори нерӯгоҳ, ки айни замон 3 ҳазор МВт-ро ташкил медиҳад, баъди ба охир расидани корҳо 12% меафзояд.

Охири соли 2017 барои амалисозии лоиҳаи “Таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” ҳамаи маблағи зарурӣ – 350 млн. доллар дарёфт шуд. Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 225 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 57 млн. доллараш грант ва боқимонда қарзи имтиёзнок аст. Фонди авруосиёии субот ва рушд ба сифати қарз 40 млн. доллар ҷудо карда, боз Бонки осиёгии сармоягузории зерсохторӣ низ 60 млн. доллар қарз медиҳад. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 25 млн. долларро ташкил медиҳад.

Марҳилаи аввали лоиҳаи таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак муддати панҷ сол амалӣ мешавад. Барои амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳа низ 350 млн. доллар маблағ зарур аст. Пас аз пурра анҷом ёфтани корҳои таъмиру навсозӣ, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар иншоот то ба 3300 МВт мерасад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...