Созиши Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди хотимаи низоъ

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи муноқиша дар сарҳади кишварҳо ҷараён дорад. Доир ба натиҷаҳои алҳол ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушунидҳои ҳукуматдорони ду кишвар танҳо ҷониби Қирғизистон хабар медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон онро шарҳ намедиҳад. Дар сомонаҳои Қушӯнҳои сарҳадӣ, ВКД ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳатто дар бораи оғоз шудани гуфтушунидшо […]

Дар вилояти Ботканди Қирғизистон вохӯрии ҳайатҳои Қирғизистону Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи муноқиша дар сарҳади кишварҳо ҷараён дорад. Доир ба натиҷаҳои алҳол ҳосилшуда дар ҷараёни гуфтушунидҳои ҳукуматдорони ду кишвар танҳо ҷониби Қирғизистон хабар медиҳад. Ҷониби Тоҷикистон онро шарҳ намедиҳад. Дар сомонаҳои Қушӯнҳои сарҳадӣ, ВКД ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳатто дар бораи оғоз шудани гуфтушунидшо маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти портали иттилоотии ВКД Қирғизистон, вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъсиси гурӯҳи муштараки тафтишотӣ оид ба баргузор намудани тафтиши воқеъбинонаи қазияи рухдода дар сарҳади кишварҳо ба тавофуқ расидаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, ҷонибҳо ҳамчунин доир ба таъсиси гурӯҳҳои шабонарӯзии посбонӣ аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, тақвияти посбонии сарҳади давлатӣ ва кумак ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Ботканду Сугд низ созиш ҳосил кардаанд.

“Тасмим гирифта шуд, ки дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ афроди гунаҳкор ошкор ва нисбати онҳо қарори вокеъбинона ва мунсифона қабул карда шавад”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти ВКД Қирғизистон.

Бо истинод ба муовини сарвазири Қирғизистон ва ҳамзамон роҳбари ҳайати Қирғизистон дар гуфтушунидҳо Жениш Раззоқов CA-NEWS менависад, аз байн бурдани низоъро байни сокинон ҷонибҳо вазифаи аввалиндараҷа унвон карда, танҳо пас аз ин ният доранд, ки масъалаҳои сохтмони роҳи гузариш ва муайян кардани хати сарҳадро баррасӣ намоянд.

 

Қобили зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим роҳбарӣ мекунад. Гуфтушунидҳо идома доранд.

Қаблан дар изҳороти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар мавриди ин масъала қайд шуда буд, ки новобаста аз чораҳои андешидашуда,  вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон мураккаб боқӣ мемонад.

Рӯзи 14 март дар ин маврид гуфтугӯи телефонии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков доир гардида, ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо оид ба тафтишоти ҳамаҷонибаи низоъ дар сарҳад ва ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он супоришҳои дахлдор дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз 13 март, рӯзи оғози муноқиша, 2 шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шуда, наздику 30 нафар захмӣ ва ҷароҳатҳо бардоштанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.