Оғози тағйири ҷиддии муҳити пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкоӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорро тасдиқ кард. Қарори дахлдор дар ин хусус санаи 1 март қабул шудааст. Ба Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки иҷрои нақшаҳои пешбинишударо таъмин созанд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкоӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорро тасдиқ кард. Қарори дахлдор дар ин хусус санаи 1 март қабул шудааст.

Ба Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шудааст, ки иҷрои нақшаҳои пешбинишударо таъмин созанд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба ҳар семоҳа пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо уҳдадор мешавад.

Барои дастгирии намояндагони тиҷорат то охири соли равон ба сурати умум баргузор намудани 30 чорабиниҳои гуногун дар се самт ба нақша гирифта шудааст.

Қонунҳо такмил дода мешаванд

Дар санад аз ҷумла “такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ” пешбинӣ шудааст. Дар ин самт амалисозии тадбирҳо дар ҳашт банд доир ба таҳияи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағйирот дар қонунгузории ҷумҳурӣ дар назар аст.

Навгониҳо дар қонунгузорӣ иборатанд аз коҳиши сарбориҳо ба соҳибкорон, кам кардани шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз 76 то ба 56 номгӯй ва мақомоти санҷиш ба андозаи 10%, аз байн бурдани санҷишҳои беасос ва такрорӣ, зиёд кардани иштироки бахши хусусӣ дар озмунҳои хариди давлатӣ, роҳандозии тартиби мушаххаси бурдани феҳристи ягонаи иҷозатномадиҳӣ ва ғайра.

Дастур дода шудааст, ки ворид намудани ҳамаи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ дар давоми нимаи аввали соли ҷорӣ ба анҷом расонида шаванд.

Тоҷиронро ҳавасманд месозанд

Самти дигари дастгирии соҳибкорону тоҷирон мувофиқи Нақша “баланд бардоштани малакаҳои ксбии соҳибкорон, ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагон, содиркунандагон ва ҷорӣ намудани тарзҳои нави пешбурди соҳибкорӣ” унвон мешавад.

Дар ин самт амалисозии даҳҳо чорабиниҳо, аз ҷумла таъсиси РД “Бизнес инкубатори Тоҷикистон” ва марказҳои он дар шаҳрҳои бузург, бунёди низоми “Равзанаи ягона” дар пойтахт барои гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, роҳандозии механизми баргардонидани ААИ ба содиркунандагон, муайян кардани методҳои коҳиши сарбории андоз бо истифода аз таҷрибаи байнулмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин таҳияи барномаҳои гуногун, ки ба фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими заминаи қонқнгузорӣ, расонидани кумаки машваратӣ ба хоҳишмандони машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ равона мегарданд, низ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, барои аз байни бурдани монополистҳо ва танзими бозори суғурта низ роҳандозии як қатор тадбирҳо ба нақша гирифта шудааст.

Шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ

Боз як самти дигари дастгирии соҳибкорӣ “суръат бахшидан ба рушди муколама байни давлат ва бахши хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ” зикр шудааст.

Дар ин самт таъсиси портали интерактивии тиҷоратӣ барои роҳандозии табодули пешниҳоди тиҷоратӣ байни соҳибкоргон ва сармоягузорон пешбинӣ шудааст. Дар дохил ва хориҷи кишвар ярмарка ва намоишгоҳҳои байнулмилалӣ гузаронида мешаванд.

Ба содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар сарҳадҳои гумрукӣ ташкил кардани “долонҳои сабз” ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин баргузор намудани форумҳои гуногун баҳри ҷалби сармоя дар назар дошта шудааст. Бо мақсади ошкор ва бартараф намудани монеъаҳо дар роҳи рушди тиҷорат байни соҳибкорон назарпурсӣ гузаронида мешавад. Ба соҳибкороне, ки тоза ба фаъолият шурӯъ мекунанд, грант ва қарзҳои имтиёзнок пешниҳод мешавад. Оид ба санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ портали электронӣ таъсис дода мешавад то ки аз санҷишҳои такрорӣ бархилофи риоя нашудани давра ба давра доир кардани санҷишҳои нақшавӣ пешгирӣ шавад.

Барои сарфаи вақт ва хароҷот баҳри анҷоми расмиёти гумрукии молу маҳсулот низоми “Равзанаи ягонаи расмиёти ҷараёнҳои содирот, воридот ва транзит дар Тоҷикистон” ҷорӣ мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.