Тирпарронӣ дар Бохтар. Барои қарз ҷанҷол кардаанд

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Asia-Plus

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳууқуқи вилояти Хатлон хабар дод, ҷанҷол байни ду гурӯҳ дар мавзеи назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба тирпарронӣ бадал шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқиша гӯё барои қарзи пулӣ сар зада, лекин дар бораи кадом қарзҳо сухан меравад, чизе гуфта нашуд.

“Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша – сокини маҳаллӣ Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи пневматикӣ захм гирифт”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ дар беморхонаи вилоят ба номи Бӯрихон Воҳидов, се нафар ҷабрдидагон аз ин ҷанҷол ба онҳо муроҷиат намудаанд.

“Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ду тани дигар – Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода ҷароҳатҳои начандон ҷиддӣ бардоштаанд. Бахтовар аз қисмати шикамаш захмӣ шуда, вазъи солимии ӯ айни замон муътадил арзёбӣ мешавад. Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода пас аз муоинаи табиб ва расонидани кумаки тиббӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашиданд”, – илова кард манбаъ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва вилоят алҳол дар ин хусус маълумоти расмӣ надодаанд, аммо манбаи мо иттилоъ дод, ки прокуратура таҳқиқи ҳодисаи мазкурро шурӯъ намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...