Тирпарронӣ дар Бохтар. Барои қарз ҷанҷол кардаанд

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳууқуқи вилояти Хатлон хабар дод, ҷанҷол байни ду гурӯҳ дар мавзеи назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба тирпарронӣ бадал шудааст. Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқиша гӯё барои қарзи пулӣ сар зада, лекин дар бораи кадом қарзҳо сухан меравад, чизе гуфта нашуд. “Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳууқуқи вилояти Хатлон хабар дод, ҷанҷол байни ду гурӯҳ дар мавзеи назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба тирпарронӣ бадал шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқиша гӯё барои қарзи пулӣ сар зада, лекин дар бораи кадом қарзҳо сухан меравад, чизе гуфта нашуд.

“Дар натиҷа яке аз иштирокчиёни муноқиша – сокини маҳаллӣ Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи пневматикӣ захм гирифт”, – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои як манбаъ дар беморхонаи вилоят ба номи Бӯрихон Воҳидов, се нафар ҷабрдидагон аз ин ҷанҷол ба онҳо муроҷиат намудаанд.

“Бахтовар Саъдуллоев аз силоҳи оташфишон захм гирифта, ду тани дигар – Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода ҷароҳатҳои начандон ҷиддӣ бардоштаанд. Бахтовар аз қисмати шикамаш захмӣ шуда, вазъи солимии ӯ айни замон муътадил арзёбӣ мешавад. Довар Солеҳов ва Масрур Солеҳзода пас аз муоинаи табиб ва расонидани кумаки тиббӣ аз бистарӣ шудан дар бемористон даст кашиданд”, – илова кард манбаъ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва вилоят алҳол дар ин хусус маълумоти расмӣ надодаанд, аммо манбаи мо иттилоъ дод, ки прокуратура таҳқиқи ҳодисаи мазкурро шурӯъ намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.