Президент сокинони Норакро бо ҷашни Наврӯз табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар сафар ба шаҳри Норак меҳмонони сершумор, аз ҷумла роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ҳамчунин ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ташти сарварии директор оид ба масоили стратегӣ ва амалиётӣ хонум Мариам Шерман ҳамроҳӣ мекунанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Норак Сарвраи давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти стратегии нерӯгоҳи Норакро барои рушди иқтисоди Тоҷикистон зикр намуда, дар бораи рушди имконпазири дигар самтҳо дар ин шаҳр, аз ҷумла бахши сайёҳӣ изҳори назар кард.

Ба гуфтаи президент, бунёди муассисаҳои нави иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, меҳмонхонаву марказҳои муосири хизматрасонӣ ҳусни шаҳрро ба куллӣ тағйир дода, ҳоло Норак ба яке аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин дар маросимҳои мавриди истифода қарор додан ва санги асос гузоштан ба сохтмони як қатор иншооти гуногуни таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ дар ин шаҳр ширкат варзид.

Сарвари давлат нахуст бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии як меҳмонхонаи замонавӣ, ки начандон дуртар аз Нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшид.

Меҳмонхонаи мазкур дар масоҳати 0,46 га бунёд ва бинои он аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзишӣ, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин бо иштироки  Президени мамлакат коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии ҶСП “Заводи таҷрибавӣ –  механикӣ”-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт. Коргоҳи мазкур бо маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолии он дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи мазкур ба фаъолияти коргоҳи нави буриш ва ороиши варақаҳои оҳанини андозаи 2 ва 150-миллиметра, ки  бо  дастгоҳи муосири рақамии компютерӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, шинос шуд. Ин коргоҳ бо харҷи 3,7 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар ин ҷо асосан болорҳо, қолабҳои гуногун ва ороишҳои оҳанӣ истеҳсол  карда мешаванд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як сол коркарди 3 ҳазор тонна оҳанро ташкил медиҳад.

Дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи “Гидромехсаноат”-и ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”-ро мавриди истифода қарор дод.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ буда, дар Тоҷикистон ягона корхона ба ҳисоб меравад.

Иқтидори истеҳсолии ин корхонаи нави саноатии мамлакат дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ мебошад. Дар Корхонаи “Гидромехсаноат” истеҳсоли ҳама намуд дарвозаҳо, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда шуда, 250 нафар бо ҷойи кор доимӣ таъмин шудаанд.

Дар назди варзишгоҳи марказии шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд ёфта, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бе тағйир  нигоҳ дошта шуда, дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд.  Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта шуда, дар баробари нишастгоҳ ҳамчунин дар ин ҷо дигар шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...