Дар Норак ҳам парчаму нишон ва муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қомат афрохтанд

Дар доираи сафари корӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пояи Нишони давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, худи Нишон наздик ба 2 метр ва дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад. Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда […]

Дар доираи сафари корӣ ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пояи Нишони давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, иншооти мазкур дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфта, худи Нишон наздик ба 2 метр ва дар маҷмӯъ баландии иншоот бо сутунпояаш  22 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Нишони давлатӣ пурра чароғон карда шуда, шабонгоҳ иншоотро 76 адад чароғакҳои поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Дар ин иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст.

Имрӯз ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохт. Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу бутаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар вазъияти тантанавӣ аз рӯи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон – шоҳ Исмоили Сомонӣ пардаро бардошта, онро ифтитоҳ кард. Баландии пояи муҷассама 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.

Муаллифони муҷассамаи барқади шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон, аъзоёни Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд. Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо, оро дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.