Ду шаҳраки низомии Русия ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад

Ҳукумати Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати мудофиаи ин кишвар нақшаи пардохти ҷубронпулиро барои ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон таҳия намуданд. Аз ҳисоби пардохти маблағи иҷора ҷониби Русия  шаҳракҳои низомии озодшударо ба ихтиёри ҷумҳурӣ медиҳад, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба мақомоти низомӣ. Бино ба маълумоти нашрия, ин шаҳракҳо соли 2004 баъди дивизияи тирандозии 201-умро […]

Asia-Plus

Ҳукумати Русия дар ҳамдастӣ бо Вазорати мудофиаи ин кишвар нақшаи пардохти ҷубронпулиро барои ҳузури пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон таҳия намуданд.

Аз ҳисоби пардохти маблағи иҷора ҷониби Русия  шаҳракҳои низомии озодшударо ба ихтиёри ҷумҳурӣ медиҳад, хабар медиҳад “Известия” бо истинод ба мақомоти низомӣ.

Бино ба маълумоти нашрия, ин шаҳракҳо соли 2004 баъди дивизияи тирандозии 201-умро то сатҳи пойгоҳ кам кардан озод шуданд. Он замон якчанд полку баталйонҳо барҳам дода шуда, ин шаҳракаҳо холӣ монда ё камтар аз сеяки қаламравашон дар истифода қарор дошт.

Шаҳраки ҳарбӣ дар Кӯлоб, ки артиши Русия онро соли 2015 тарк кард, ба ихтиёри Тоҷикистон супурда мешавад. Дар лоиҳаи қарор гуфта мешавад, ки созиши мазкур байни ҳукуматҳои кишварҳо ба сурати умум ҳанӯз соли 2012 ҳосил шуда буд. Аммо то ҳол амалӣ нагардида, айни замон ҷониби Русия дар бораи ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани қаламрав ва амволи ғайриманқул пешниҳодҳо омода мекунад.

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба дархости нашрияи “Известия” шарҳи фаврӣ дода натавонистаанд.

Аз санад бармеояд, ки ба ҷуз пойгоҳ дар Кӯлоб, шаҳраки низомӣ дар шаҳри Бохтар низ ба ихтиёри Тоҷикистон дода мешавад.

Вазорати мудофиа тасмим гирифт, ки қаламрав ва амвол ба таври ройгон дода мешавад, то ки ба “ҷараёни гуфтушуниди дӯстона байни кишварҳо” монеъагузорӣ эҷод нагардад, гуфта мешавад дар санад. Ин ҳам дар ҳолест, ки да вақташ Тоҷикистон ин қитъаҳои заминро ройгон ба низомиёни Русия дода буд.

Дар санад махсус таъкид мешавад, ки талаби пардохти маблағ гузаштан ба муносибатҳои иҷораро тақозо мекунад, ки барои Русия фоидаовар нест: барои истифодаи қитъаҳои замин ва амволи ғайриманқул, ки пойгоҳи низомии 201-ум онҳоро дар ихтиёр дорад, ҳамасола пардохти наздики 6 млрд. рубл зарур аст.

Тибқи иттилои “Известия” дар шаҳри Кӯлоб се хобгоҳи афсарон, паркҳои низомӣ, бунгоҳи тиббӣ ва таъмин бо ғизо, дегхонаҳои гармкунӣ, бинои посбонҳо, анборҳо, бинои хадамоти алоқа, кӯдакистон, ҳавзи шиноварии кушод ва як қатор дигар иншоот бо шумули зерсохтор – қубурҳои таъмин бо газ, обу корез ва қубурҳои обгузар (водопровод) ва хатҳои интиқоли барқ ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад.

Дар қарор зикр мегардад, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба додани амволи ғайриманқул дар маҳалҳо комиссияи махсуси байниҳукуматӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки ба ҳайати он намояндагони Русия ва Тоҷикистон шомил мешаванд. Ҳамаи иншоот баъди аз ҷониби тарафҳо ба имзо расидани санади қабулу супурдан ба ихтиёри тарафи дигар гузошта мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.