Ҳабси кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба гумони порагирӣ

Asia-Plus

Ба гумони даст доштан дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд декани факултаи исломшиносӣ ва корманди маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон доир ба ин масъала тафтишот ҷараён дорад.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зикр карданд, ки декани факултаи улуми исломӣ Абдусамад Аҳёев ва роҳбари маркази тестии назди донишкада Наҷмиддин Самиев айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Маркази тестии назди донишкада соли 2015 барои баргузор намудани имтиҳонҳо тариқи онлайн ва дар реҷаи тетсӣ боз шуда буд. Ҳозир ба дари ҳуҷраҳои кории ин марказ муҳр зада шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, шахсони зикршуда аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар дониста мешаванд.

Мувофиқи маълумоти дарёфтӣ, моҳи январ онҳо бидуни баргузор кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), 22 нафар донишҷӯёнро ба донишкада қабул кардаанд: ин донишҷӯён мактуби ММТ-ро бо худ надоштаанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, барои иҷрои ин кор боздоштшудагон наздики 70 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.

Шурӯъ аз соли 2015 ташкил ва баргузор намудани имтиҳонҳои қабулшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ танҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Танҳо пас аз супурдани имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ довталабон ба мактабҳои олӣ тақсим карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...