Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Мо ба қайди фармоиш дар Вазорати адлия уҳдадор нестем

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест ва боре ҳам ин корро накардааст. “Мо ба қайди фармоишҳо дар феҳристи Вазорати адлия уҳдадор нестем, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон. – То ин замон низ дастуру фармоишҳои худро дар Вазорати […]

Asia-Plus

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор мекунад, ки ба қайди дастуру фармоишҳои худ дар феҳристи Вазорати адлияи ҷумҳурӣ уҳдадор нест ва боре ҳам ин корро накардааст.

“Мо ба қайди фармоишҳо дар феҳристи Вазорати адлия уҳдадор нестем, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон. – То ин замон низ дастуру фармоишҳои худро дар Вазорати адлия ба қайд намегирифтем”.

Бино ба иттилои манбаъ, қайд дар Вазорати адлия ҳатмӣ набуда, Хадамот танҳо баъзе санадҳои меъёриву ҳуқуқиро дар он ҷо ба қайд мегузорад.

“Васоити ахбори умум дар бораи изҳороти Вазорати адлия дар ин робита иттилоъ доданд, лекин мо нисбати ин Вазорат ҳеҷ даъвое надорем, чунки ҳеҷ мактубе ин ниҳод ба мо нафиристодааст”, – иброз дошт манбаъ.

Ҳуқуқшинос Наврӯз Одинаев дар шарҳи ин изҳороти Хадамоти зиддиинҳисорӣ зикр кард, ки онҳо ба қайди фармоишҳои худ уҳдадор нестанд, агар онҳо хусусияти инфиродӣ дошта бошанд, яъне нисбати субъекти мушаххас содир шуда бошанд.

“Ин фармоиш бошад, умумиҳатмӣ буда, бояд ба қайд гирифта шавад. Далели қаблан ба қайд нагирифтани санадҳои умумиҳатмӣ ба қонунӣ будани онҳо асос шуда наметавонад. Дар қонун эзоҳ дода нашудааст, ки санадҳои умумиҳатмии Хадамоти зиддиинҳисорӣ набояд ба қайд гирифта шаванд”, – илова намуд ҳуқуқшинос.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.