Ҳабси кормандони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба гумони порагирӣ

Ба гумони даст доштан дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд декани факултаи исломшиносӣ ва корманди маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон доир ба ин масъала тафтишот ҷараён дорад. Дар Донишкадаи […]

Asia-Plus

Ба гумони даст доштан дар гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят зиёд декани факултаи исломшиносӣ ва корманди маркази тестии Донишкадаи исломии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” ин маълумотро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон доир ба ин масъала тафтишот ҷараён дорад.

Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зикр карданд, ки декани факултаи улуми исломӣ Абдусамад Аҳёев ва роҳбари маркази тестии назди донишкада Наҷмиддин Самиев айни замон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Маркази тестии назди донишкада соли 2015 барои баргузор намудани имтиҳонҳо тариқи онлайн ва дар реҷаи тетсӣ боз шуда буд. Ҳозир ба дари ҳуҷраҳои кории ин марказ муҳр зада шудааст.

Бино ба гуфтаи манбаъ, шахсони зикршуда аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ боздошт шудаанд. Онҳо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ гумонбар дониста мешаванд.

Мувофиқи маълумоти дарёфтӣ, моҳи январ онҳо бидуни баргузор кардани имтиҳонҳо дар Маркази миллии тестӣ (ММТ), 22 нафар донишҷӯёнро ба донишкада қабул кардаанд: ин донишҷӯён мактуби ММТ-ро бо худ надоштаанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, барои иҷрои ин кор боздоштшудагон наздики 70 ҳазор доллар маблағ гирифтаанд.

Шурӯъ аз соли 2015 ташкил ва баргузор намудани имтиҳонҳои қабулшавӣ ба муассисаҳои миёна ва олии таълимӣ танҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Танҳо пас аз супурдани имтиҳонҳо дар Маркази тестӣ довталабон ба мактабҳои олӣ тақсим карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио