Ҳалокати майори русиягӣ ва зодаи Тоҷикистон дар Сурия

Сӯҳроб Каримов, афсари Вазорати дифои Русия, ки ҳамроҳи ду низомии дигар дар минтақаи Дайр-аз-Зори Сурия кушта шуд, зодаи Тоҷикистон будааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Сӯҳроб Каримови 35-сола, аввал дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон хидмат мекард ва баъдан ба Русия рафта буд. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ӯ забони арабиро хуб медонист ва бо […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сӯҳроб Каримов, афсари Вазорати дифои Русия, ки ҳамроҳи ду низомии дигар дар минтақаи Дайр-аз-Зори Сурия кушта шуд, зодаи Тоҷикистон будааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Сӯҳроб Каримови 35-сола, аввал дар пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон хидмат мекард ва баъдан ба Русия рафта буд. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ӯ забони арабиро хуб медонист ва бо маъмурияте дар Дайр-аз-Зори Сурия қарор дошт. Ӯ дафъаи дувум ба Сурия рафтааст.

Гуфта мешавад, матбуоти Русия бо такя ба қавли мақомоти Вазорати дифои ин кишвар навиштанд, Сӯҳроб Каримов ва ҳамроҳонаш ба аҳолии Дайр-аз-Зор кумаки башардӯстона мерасонданд. Нашрияи “Российская газета” навишт, “онҳо ҳангоми бозгашт дар муҳосираи ҷангҷӯён афтода, пас аз даргирӣ бенишон шуданд”.

Каримов бори охир рӯзи 22-юми феврали имсол ба хонаводааш занг зада будааст. Чанд рӯз баъд аз Вазорати дифои Русия ба хонаводаи Каримов занг зада, аз онҳо хостаанд, ки озмоиши ДНК бисупоранд. Зеро дар натиҷаи ҳамла ба мошини Каримову ҳамроҳонаш танҳо пораҳои ҷасадро пайдо кардаанд.

Сӯҳроб Каримов, хатмкардаи Донишгоҳи ҳарбии Москва, ҳанӯз замони кораш дар Тоҷикистон ном баровард. “Красная звезда” – нашрияи Вазорати дифои Русия – соли 2010 навишт, ки Сӯҳроб Каримов кӯдаки 8-солаи тоҷик Беҳрӯз Рӯзиевро аз сӯхтор дар Душанбе наҷот дод. Худи ӯ ба ин нашрия гуфта буд, ки “ҳеч қаҳрамонӣ накардааст ва ҳар афсар бояд чунин рафтор кунад”.

Зикр мегардад, ки Русия амалиёти низомӣ дар Сурияро тирамоҳи соли 2015 оғоз кард. Президент Владимир Путин баҳори соли 2016 қисми асосии нерӯҳои Русияро аз Сурия берун оварда, охирҳои соли 2017 фармони ихроҷи сарбозони рус аз ин кишварро дод.

Бино ба иттилои расмии Вазорати дифои Русия, аз 30-юми сентябри соли 2015 дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар Сурия беш аз 40 низомии рус кушта шудаанд. Ҳамчунин 50 тани дигар дар пайи суқути чархболу ҳавопаймоҳои Русия ҷон бохтаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.