Боздошти сарбоз баъди 9 моҳи гурехтан аз хизмат

Барои гурехтан аз хизмати ҳарбӣ Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбозро ба 7 моҳи зиндон маҳкум кард. Сокини шаҳри Душанбе Саидмуҳсинҷон Саидов санаи 4 январи соли 2018 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, пас аз 1 рӯзи даъват аз хизмат гурехт. Баъди гурехтан ӯ расо 8 моҳу 29 рӯз озодона ба […]

Asia-Plus

Барои гурехтан аз хизмати ҳарбӣ Суди ҳарбии гарнизони Душанбе сарбозро ба 7 моҳи зиндон маҳкум кард.

Сокини шаҳри Душанбе Саидмуҳсинҷон Саидов санаи 4 январи соли 2018 ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон даъват шуда, пас аз 1 рӯзи даъват аз хизмат гурехт.

Баъди гурехтан ӯ расо 8 моҳу 29 рӯз озодона ба зиндагии худ идома дод. Тамоми ин муддат мақомоти милитсяи ӯро ҷустуҷӯ мекард.

Санаи 3 январи соли ҷорӣ сарбози фирорӣ боздошт шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз суди ҳарбии гарнизони Душанбе хабар дод.

Суди ҳарбӣ Саидовро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 375 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Фирор) айбдор эътироф намуда, ӯро ба муҳлати 7 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.