Даромадҳо аз андоз ва дигар сарчашмаҳоро ба буҷети Тоҷикистон 10% зиёд мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҳамасола давоми солҳои 2019-2021 даромадҳо аз андоз ва дигар сарчашмаҳоро ба буҷети давлатии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% зиёд кунад. Соли равон Вазорати молия интизорӣ дорад, ки буҷет аз ҳисоби маблағҳои пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо 17,5 млрд. сомонӣ даромад мегирад, ки нисбат ба соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки ҳамасола давоми солҳои 2019-2021 даромадҳо аз андоз ва дигар сарчашмаҳоро ба буҷети давлатии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 10% зиёд кунад.

Соли равон Вазорати молия интизорӣ дорад, ки буҷет аз ҳисоби маблағҳои пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо 17,5 млрд. сомонӣ даромад мегирад, ки нисбат ба соли гузашта 1,7 млрд. сомонӣ ё худ 11% бештар аст. Нисбат ба соли 2019 дар соли 2020 то ба 1,8 млрд. сомонӣ (10,6%) афзудани афзоиши ҳаҷми даромад аз пардохти андоз ва маблағҳо аз дигар сарчашмаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Соли 2021 аз ҳисоби пардохти андоз ва маблағҳои воридшуда ба буҷет аз дигар сарчашмаҳо ҷамъоварии 21,2 млрд. сомонӣ пешгӯӣ шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020 ба миқдори 1,9 млрд. сомонӣ ё худ 9,7% зиёдтар мебошад.

Андозҳо дар сохтори ин моддаи буҷети давлатӣ (пардохти андоз ва маблағҳои воридшуда аз дигар сарчашмаҳо) ҳудуди 95%-ро ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли гузашта 23,3 млрд. сомонӣ ва воридоти маблағҳо аз ҳисоби пардохти андоз ва дигар сарчашмаҳо ҳудуди 15,8 млрд. сомониро ташкил доданд.

Қисмати даромади буҷет дар соли гузашта ба маблағи 72 млн. сомонӣ (0,3%) барзиёд иҷро шуд. Ҳаҷми даромад аз ҳисоби пардохти андозҳо ба миқдори 0,6% ва аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ – 1,2% барзиёд ба иҷро расид.

Бо вуҷуди ин, соли гузашта ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз аз даромад 8,3 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) – 411,3 млн. сомонӣ аз нақшаи пешбинишуда камтар маблағ ворид шуд.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон аввали соли гузашта дар робита ба иҷро нашудани ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби ин ду навъи андоз нигаронӣ изҳор намуд.

Ӯ ба сохторҳои марбута дастур дод, ки ҷиҳати коҳиши ҳаҷми бақияҳо аз қарзи андозҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио