Ҳушдори КҲФ аз обхезиҳову омадани сел ва лағзиши ярч

Тибқи маълумоти Агентии гидрометеорологӣ, то охири ҳафта дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳиву доманакӯҳҳо боришоти шадид дар назар аст. “Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти Агентии гидрометеорологӣ, то охири ҳафта дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, боридани борон ва дар минтақаҳои кӯҳиву доманакӯҳҳо боришоти шадид дар назар аст.

“Боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад. Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва сангреза вуҷуд дорад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Бино ба гуфтаи номбурда, бар асари боришоти зиёд эҳтимоли босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо мавҷуд буда, метавонад ба шусташавии заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулҳо боис гардад.

“Мутаассифона, бар асари боришоти дирӯз дар яке аз ноҳияҳои кишвар, ки ба шусташавии хати соҳили канал (наҳр) дар наздикии деҳа боис гардид, дар натиҷаи риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ ва муносибати хунукназаронаи волидон як духтари дусола ғарқ шуд”, – қайд кард Юсуфӣ.

Дар ин робита, таъкид дошт ӯ, Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткору ҳушёр буда, кӯдаконро беназорат нагузоранд ва ҳангоми ҳузур доштан дар кӯҳҳову наздикии обанборҳо риояи қоидаҳои бехатариро фаромӯш насозанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.