Ҳукумат андозу ҷаримаҳои онро ба маблағи 1,5 млн. доллар мебахшад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда шавад.

Қарори ҳукумат “Дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои пардохташон ғайриимкон аз андоз, ҷаримаву фоизи онҳо” санаи 1 марти соли равон имзо шудааст.

Қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки то 1 январи соли 2011 ба вуҷуд омадаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки андозҳо ба маблағи умуии беш аз 6,1 млн. сомонӣ ва ҷаримаву фоизҳо – дар ҳаҷми зиёда аз 8,1 млн. сомонӣ беэътибор дониста шаванд.

Ба мақомоти андози ҷойи қайди андозсупорандагон ва ташкилотҳое, ки қарзҳояшон бекор мешаванд, супориш дода шудааст, ки дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид созанд.

Ба кӣ қарзҳои андоз бахшида мешаванд

Ба рӯйхати андозсупорандагоне, ки қарзҳояшон аз андоз, ҷарима ва фоиз аз онҳо бахшида мешаванд, 11 ширкат ва 3 соҳибкори хусусӣ шомил шудаанд:

– МД «Истифодабарии манзил» (ш. Хуҷанд);

– ҶСК «Филиз» (ш. Исфара);

–  ҶСК «Тамокубарории Душанбе» (ш. Душанбе);

– КВ «Раёсати таъмиру сохтмон» (ноҳияи Исмоили Сомонӣ);

– ҶДММ «Фароиз»;

– ҶДММ «Нурафшон»;

– ҶДММ «Сабр»;

– ҶДММ «Ал-Бухорӣ»;

– ҶДММ «Ифтихор 2009»;

– ҶДММ «Таврида»;

– Соҳибкори хусусӣ Абдулазиз Абдулмақсуд;

– Соҳибкори хусусӣ Муллобоев Нарзуллоҷон Насриддннович;

– Соҳибкори хусусӣ Ҳоҷибоев Абдуҷалол.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...