Ҳукумат андозу ҷаримаҳои онро ба маблағи 1,5 млн. доллар мебахшад

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда шавад. Қарори ҳукумат “Дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои пардохташон ғайриимкон аз андоз, ҷаримаву фоизи онҳо” санаи 1 марти соли равон имзо шудааст. […]

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки ҳаҷмашон ҳамагӣ беш аз 14,2 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,5 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад, аз эътибор соқит карда шавад.

Қарори ҳукумат “Дар бораи аз эътибор соқит кардани қарзҳои пардохташон ғайриимкон аз андоз, ҷаримаву фоизи онҳо” санаи 1 марти соли равон имзо шудааст.

Қарзҳо аз андоз, ҳамчунин ҷаримаву фоизи онҳо, ки то 1 январи соли 2011 ба вуҷуд омадаанд, аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Аз ҷумла, дастур дода шудааст, ки андозҳо ба маблағи умуии беш аз 6,1 млн. сомонӣ ва ҷаримаву фоизҳо – дар ҳаҷми зиёда аз 8,1 млн. сомонӣ беэътибор дониста шаванд.

Ба мақомоти андози ҷойи қайди андозсупорандагон ва ташкилотҳое, ки қарзҳояшон бекор мешаванд, супориш дода шудааст, ки дар ин хусус тағйироти дахлдор ворид созанд.

Ба кӣ қарзҳои андоз бахшида мешаванд

Ба рӯйхати андозсупорандагоне, ки қарзҳояшон аз андоз, ҷарима ва фоиз аз онҳо бахшида мешаванд, 11 ширкат ва 3 соҳибкори хусусӣ шомил шудаанд:

– МД «Истифодабарии манзил» (ш. Хуҷанд);

– ҶСК «Филиз» (ш. Исфара);

–  ҶСК «Тамокубарории Душанбе» (ш. Душанбе);

– КВ «Раёсати таъмиру сохтмон» (ноҳияи Исмоили Сомонӣ);

– ҶДММ «Фароиз»;

– ҶДММ «Нурафшон»;

– ҶДММ «Сабр»;

– ҶДММ «Ал-Бухорӣ»;

– ҶДММ «Ифтихор 2009»;

– ҶДММ «Таврида»;

– Соҳибкори хусусӣ Абдулазиз Абдулмақсуд;

– Соҳибкори хусусӣ Муллобоев Нарзуллоҷон Насриддннович;

– Соҳибкори хусусӣ Ҳоҷибоев Абдуҷалол.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.