Дар куҷо хондани намоз ҷоиз нест?

Asia - Plus

“Намоз ибодати бузург аст ва бояд онро муқаддас донист, аз ин рў, гузоридани он дар ҷойҳои нопок ва олуда аз нигоҳи шариати Ислом ва хусусан фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ нораво ва нописандида аст”,- зикр шудааст дар шарҳи раёсати Маркази исломии Тоҷикистон.

Донишмандони маркази мазкур бо такя ба китобҳои фиқҳӣ баргузор намудани намоз дар маконҳои зеринро макрӯҳ шуморидаанд:

– дар рў ба рўи оташ, гулхан ва оташдоне, ки дар он оташ бошад, дар ҷойҳои нолоиқ ва олуда (ҳаммом, гирду атрофи ҳоҷатхона ва роҳравҳои олудаву нопок), дар миёни роҳ ва дар гӯристон.

Ҳамчунин, дар шарҳи раёсати Маркази исломии Тоҷикистон аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят оварда шудааст, ки Расули Худо (с) аз намоз гузоридан дар ҳафт макон манъ карданд: партовгоҳ, кушторгоҳи ҳайвонот, қабристон, роҳи рафтуомад, ҳаммом, ҷойи хоби шутурон, болои Каъба (Ривояти Тирмизӣ).

Раёсати Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват намудааст, ки намозҳои худро дар маконҳои тозаву покиза хонанд. Дар ин маврид аз Расули Худо (с) ҳадисе ривоят шудааст: «Худованд пок аст ва покиро дӯст медорад» (Ривояти Тирмизӣ). Инчунин, дар шарҳи марказ омадааст, ки “тибқи таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам дар китоби «Мухтасар-ул-виқоя» дар боби фарзҳои хориҷи намоз омадааст, «…тоҳир (пок) будани макони намозхон фарз аст. Агар макон тоҳир набошад, намози мусаллӣ (намозгузор) ботил (беэътибор) дониста мешавад”.

– Агар мусулмон бо дилу нияти пок дар манзиле, ки иқомат дорад ва ба ҳар манзили дигаре, ки меҳмонӣ меравад, маскани кору фаъолияти хизматии ӯст, саҳро, ки он ҷо заҳмати киштукорашро анҷом медиҳад, барои сарфаи вақт метавонад намозҳояшро хонад ва ин амали ӯ тибқи фармудаи Имоми Аъзам (раҳимуҳуллоҳ) раво дониста мешавад ва бинобар ҷой доштани узри шаръӣ намози ҷумъа аз ӯ соқит мегардад. Чунки шариати Ислом дар ҳолатҳои зарурат осониро барои ибодати бандагонаш тавсия медиҳад, дар ин маврид Расули Акрам (с) мефармоянд: “Яссиру ва ло туассиру” – яъне осон бигиред ва сахт нагиред,-омадааст дар матлаб.

Дар шарҳи раёсати Маркази исломӣ зикр шудааст, ки ҳар фарди мусулмон бояд намозро дар масҷид ва ҷойҳои пок гузорад, на дар роҳравҳо ва назди издиҳому ҷойҳои ҷамъиятӣ. Зеро дар кӯчаву роҳравҳо рафтуомади мардум зиёд аст ва эҳтимоли мавҷуд будани ифлосиҳо ҷой дорад. Мо бояд фарҳанг ва маърифати ба масҷид рафтан ва иштирок дар намози ҷумъа ва дигар намозҳоро риоя кунем, то ин ки ибодати анҷомдодаамон мақбули даргоҳи илоҳӣ шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...