Дар шаҳри Хуҷанд роҳи танобӣ мавриди истифода қарор гирифт

Asia-Plus

Дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд “Роҳи танобӣ”-ро аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то Маҷмааи шоҳ Исмоили Сомонӣ аз болои дарёи Сир дар масофаи беш як километр мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, “Роҳи танобӣ” дар доираи эълони солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи хеле зебою дилписанд барои сайёҳони дохилию хориҷӣ- соҳили дарёи Сир ва Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, “Роҳи танобӣ”, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст, дорои 47 кабина бо ғунҷоиши 4 нафар, аз ҷумла 7 кабинаи хизматрасонии олӣ мебошад.

Ин роҳ дар як вақт ба 160 нафар хизмат мерасонад. Баландии роҳи танобӣ дар сатҳи дарё 35 метрро ташкил дода, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 16 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Имрӯз сарвари давлат дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии «Гулҳо», ҳамчунин Фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" иштирок кард.

Дар фестивали «Сайри гули лола» ва озмуни вилоятии гулҳо аз ҷониби намояндагони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 100 намуди лола, навъҳои гуногуни гулҳои ороишию ҳамешасабз ба намоиш гузошта шуда, ҳамзамон ҳунари рассомону нақшкашон, гулпарварону ороишгарон, ки дар мавзӯи лола бо тарзу услуби хос дар сатҳи хеле баланд офарида шудаанд, муаррифӣ гардид.

Дар доираи фестивали "Таомҳои миллии наврӯзӣ" беҳтарин ошпазҳои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилоят дар мавзеи тамошобобу хушбоду ҳавои соҳили дарёи Сир, ҷамъ омада, бештар аз 50 намуд таомҳои миллии наврӯзиро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамин рӯз Сарвари давлат ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани киштии рамзӣ-тарабхонаи “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд иштиро кард.

Тарабхона аз ду ошёна ва тахҳона иборат буда, дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта шудааст, ки ҷойи хеле хуби сайру саёҳати сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд мебошад.

Дар таҳхонаи он қаҳвахона бо 100 ҷой, дар ошёнаи якум тарабхона бо 200 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи сеюм майдончаи тобистона сохта шудааст. Масоҳати умумии тарабхона 631 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Тарабхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ – роҳбари ширкати “Абдурашид” Абдурасул Раҷабов сохта шуда, ба хотири гиромидошти фарзанди фарзонаи миллат номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро гирифтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...