“Модари театри тоҷик”-ро дар Душанбе ба хок супориданд

Asia-Plus

Аз субҳи барвақт назди хонаи ҳунарпеша дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт одамони зиёд ҷамъ омада буданд, то эҳтироми худро ба ҳунарпешаи дӯстдошта ва соҳибэҳтиром Мушаррафа Қосимова баён намоянд.

Дар байни ҷамъомадагон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент, Кумитаи радио ва телевизион, роҳбарон ва ҳунарпешагони театрҳо, ҳамчунин дӯстон, шогирдон, мухлисону ҳаводоронро дидан мумкин буд.

Одамон дар хусуси ҳунарпеша, ҳунар ва шахсияти ӯ хотироти худро нақл мекарданд.

Дар сухани хайрбодии худ Шамсиддин Орумбекзода нақши муҳими ҳунарпеша дар рушди театри тоҷикро зикр намуд.

– Модари меҳрубон то охирин лаҳзаҳо бо намояндагони фарҳанг буданд, маслиҳатҳои хуб медоданд. Номи ӯ барои ҳамеша дар қалби ҳамаи мо нақш хоҳад баст. Нақши ӯ чун “модари театри тоҷик” абадӣ хоҳад буд,-гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Ӯ ҳамчунин ба наздикону пайвандони ҳунарпеша аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Ҳампешагону ҳамкорони ҳунарпеша низ ҳамдардии худро баён намуда, хотироти худро баён доштанд.

– Мо имрӯз ҳунарпешаи бароямон хеле азиз, асосгузори Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутиро аз даст додем. Ӯ нақшҳои гуногун, аз ҷумла фоҷеа, ҳаҷв ва драммаро метавонист бо ҳунари воло иҷро намояд. Мо инсони бисёр хубро аз даст додем,- зикр намуд ҳунарпешаи Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Носир Ҳасан.

Намози ҷанозаи ҳунарпеша дар масҷиди Қарамиршикор баргузор гардид ва тобути ӯ дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супорид шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...