“Модари театри тоҷик”-ро дар Душанбе ба хок супориданд

Аз субҳи барвақт назди хонаи ҳунарпеша дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт одамони зиёд ҷамъ омада буданд, то эҳтироми худро ба ҳунарпешаи дӯстдошта ва соҳибэҳтиром Мушаррафа Қосимова баён намоянд. Дар байни ҷамъомадагон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент, Кумитаи радио ва телевизион, роҳбарон ва ҳунарпешагони театрҳо, […]

Аз субҳи барвақт назди хонаи ҳунарпеша дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт одамони зиёд ҷамъ омада буданд, то эҳтироми худро ба ҳунарпешаи дӯстдошта ва соҳибэҳтиром Мушаррафа Қосимова баён намоянд.

Дар байни ҷамъомадагон Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони Дастгоҳи Президент, Кумитаи радио ва телевизион, роҳбарон ва ҳунарпешагони театрҳо, ҳамчунин дӯстон, шогирдон, мухлисону ҳаводоронро дидан мумкин буд.

Одамон дар хусуси ҳунарпеша, ҳунар ва шахсияти ӯ хотироти худро нақл мекарданд.

Дар сухани хайрбодии худ Шамсиддин Орумбекзода нақши муҳими ҳунарпеша дар рушди театри тоҷикро зикр намуд.

– Модари меҳрубон то охирин лаҳзаҳо бо намояндагони фарҳанг буданд, маслиҳатҳои хуб медоданд. Номи ӯ барои ҳамеша дар қалби ҳамаи мо нақш хоҳад баст. Нақши ӯ чун “модари театри тоҷик” абадӣ хоҳад буд,-гуфт Шамсиддин Орумбекзода.

Ӯ ҳамчунин ба наздикону пайвандони ҳунарпеша аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

Ҳампешагону ҳамкорони ҳунарпеша низ ҳамдардии худро баён намуда, хотироти худро баён доштанд.

– Мо имрӯз ҳунарпешаи бароямон хеле азиз, асосгузори Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутиро аз даст додем. Ӯ нақшҳои гуногун, аз ҷумла фоҷеа, ҳаҷв ва драммаро метавонист бо ҳунари воло иҷро намояд. Мо инсони бисёр хубро аз даст додем,- зикр намуд ҳунарпешаи Театри академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ Носир Ҳасан.

Намози ҷанозаи ҳунарпеша дар масҷиди Қарамиршикор баргузор гардид ва тобути ӯ дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супорид шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.